Мулоқоти сафири Беларус бо гурӯҳи дӯстӣ
Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 4 октябр сафири Ҷумҳурии Беларус Олга Гаврук бо гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба рушди ҳамкории дуҷонибаи байнипарлумонӣ мулоқот анҷом дод.Аз ҷониби Тоҷикистон дар мулоқот муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Бек Қурбонов, муовини раиси Кумитаи сохтмони далавтӣ ва худидораи маҳаллӣ Галия Рабиева, узви Кумитаи иқтисод ва молия Мунаввара Кенҷаева ширкат доштанд. Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот вазъу дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Беларус ва Тоҷикистон, густариши муносибатҳо дар соҳаи илму фарҳанг ва маориф, ҳамчунин ҳамкории ҷонибҳо дар ҳошияи ташкилотҳои байналмилалиро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






