Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Кипр

Октябрь 1, 2012 10:29

Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр ). – Чанде пеш дар шаҳри Ню – Йорк мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Кипр Эрату Козаку – Маркуллис баргузор гардид.Дар ҷараёни мулоқот масоил ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодиёт, савдо ва фарҳанг мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Тавре ки дар Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо ҳамчунин аз рӯи масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.Алҳол Кипр дар Иттиҳоди Аврупо раёсат мекунад, ки мӯҳлати он то 31 декабри соли 2012 мебошад.

Октябрь 1, 2012 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд