Мушкилоти обию энергетикии Осиёи Марказӣ ва нақши Тоҷикистон дар ҳалли онҳо
1. Ташаккулёбӣ ва истифодаи захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ
Осиёи Марказӣ дар маркази минтақаи АвруОсиё ҷойгир аст – дар миёнмарзи Аврупову Осиё масоҳати 4 млн. км2-ро дар бар мегирад. Минтақа 5 кишвар: Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро фаро мегирад.
Аз ҷиҳати гидрографикӣ масоҳати асосии Осиёи Марказиро баҳри Арал ишғол мекунад, ки ғайр аз кишварҳои мазкур, ҳамчунин қисми шимолии Афғонистон, қисми ночизи Чин ва Эронро низ фаро мегирад. Табиати баҳри Аралро баландкӯҳхои Помир ва Тён-Шон, дашту теппаҳои васеъ, рӯдҳои бузурги осиёии Ому ва Сир, ки ба Арал ҷорӣ мешаванд, ташкил медиҳанд. Масоҳати баҳр дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ба зиёда аз 1,5 млн. км2 баробар аст. Қисми зиёди баҳр дар минтақаи камнам ҷойгир аст, ки хусусияти асосии камбудии оби тоза мебошад.
Махсусияти ҷуғрофӣ ва иқлимии баҳри Арал дар маҷмуъ, бахусус дар ҳудуди минтақаи Осиёи Марказӣ, нобаробарии ташаккули захираҳои обро ба миён овардааст. Дар маҷмуъ дар баҳри Арал қариб 116 км3 захираҳои об ташаккул меёбад, вале тақсимоташ дар ҳудудҳо нобаробар аст. Сарчашмаи асосӣ (93,33 км3 ё 80,7 фоиз) дар давлатҳои болооби Тоҷикистону Қирғизистон ташаккул меёбад, вале истифодаи бештари он (зиёда аз 85%) ба кишварҳои поёноб – Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон рост меояд. Дар ин росто, саҳми ин кишварҳо дар ташаккулёбии захираҳои об ночиз буда, ҳамагӣ 13,94% маҷрои умумии баҳри Аралро ташкил медиҳад. Аз маҷмӯи умумии маҷрои обҳои ҳавзаи баҳри Арал табиати нодири кӯҳҳои Тоҷикистон дар як сол 55,4% ё 64 км3 , аз ҷумла ба ҳавзаи дарёи Ому 62,9 км3 (80,17%) ва дарёи Сир 1,1 км3 (3%) ташкил медиҳад.
Ташаккулёбии маҷрои рӯизаминӣ дар ҳавзаи баҳри Арал
Давлатҳо
Амударё
Сирдарё
Ҳамагӣ
км3
%
км3
%
км3
%
Қазоқистон
—
—
4,50
12,12
4,50
3,89
Қирғизистон
1,90
2,42
27,40
73,77
29,30
25,35
Тоҷикистон
62,90
80,17
1,10
2,96
64,00
55,36
Туркманистон (бо Эрон)
2,78
3,54
—
—
2,78
2,40
Ӯзбекистон
4,70
5,99
4,14
11,15
8,84
7,65
Афғонистон
6,18
7,88
0,00
0,00
6,18
5,35
Ҳамагӣ
78,46
100,00
37,14
100,00
115,60
100,00
Сарчашма: Нуктаҳои асосии стратегияи оби баҳри Арал, с.1996
Аз ҳама пуробтарин дарёи ин минтақа Ому аст, ки маҷрои миёнаи солонааш 78,46 км3 мебошад. Зиёда аз 80 фоизи (62,90 км3) ин маҷро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул меёбад. Дар ҳудуди Ӯзбекистон — 4,70 км3 (6%), Қирғизистон – 1,90 км3 (2,42%), Туркманистон (бо Эрон) – 2,79 км3 (3,5%) ва Афғонистон – 6,18 км3 (7,9%) дарёи Ому ташаккул меёбад.
Аз лиҳози кашишии гидрогеографӣ ба Ому ё имконоти истифодаи оби он дар ҳавзаҳои кишоварзии ин минтақа, бархе аз рӯдҳои хурд низ ба маҷмӯи умумии захираҳои оби Арал шомиланд. Инҳо дарёи Зарафшон бо маҷрои миёнаи бисёрсолаи 5,27 км3 , Қашқадарё бо маҷрои 1,34 км3 , инчунин Мурғоб, Теҷен, Атрек ва дарёҳои шимоли Афғонистон — Хулм, Балхоб, Сарипул ва Қайсар дар маҷмуъ маҷрои умумии 4,86 км3 –ро ташкил мекунанд. Маҷмӯи умумии маҷрои онҳо бо ҳисоби маҷроҳои зеризаминӣ ва маҷрои беҳисоби болоӣ ба 11,51 км3 баробар аст.
Ҳамингуна, маҷрои бевоситаи Ому 66,9 км3-ро ташкил медиҳад. Аз ин маҷмуъ дарёи Панҷ 33,4 км3 ё 49,9%, Вахш — 20,22 км3 ё 30,2%, Қундуз – 3,48 км3 ё 5,2%, Кофарниҳон – 5,66 км3 ё 8,5%, Сурхон – 3,91 км3 ё 5,8% ва Шеробод – 0,23 ё 0,3%-ро ташкил медиҳанд.
Ташаккулёбии маҷрои рӯизаминии дарёи Ому
Давлатҳо
Маҷрои рӯизаминӣ, км3
Ҷараёни зеризаминӣ, км3
Ҳамагӣ
Ҳисобшуда
Ҳисобношуда
км3
%
Панҷ
33,4
33,4
42,6
Вахш
20,1
0,05
0,07
20,22
25,8
Қундуз
3,47
0,01
3,48
4,4
Кофарниҳон
5,49
0,12
0,05
5,66
7,2
Сурхон
3,63
0,06
0,22
3,91
5,0
Шеробод
0,23
0,23
0,3
Қашқадарё
1,34
0,07
1,41
1,8
Зарафшон
5,27
0,03
5,3
6,8
Рӯдҳои шимоли Афғонистон
2,01
2,01
2,6
Рӯдҳои Туркманистон
2,79
2,79
3,6
Ҳамагӣ
77,73
0,24
0,44
78,41
100%
Сарчашма: Тасҳеҳи ҷадвали истифода маҷмӯӣ ва ҳифзи захираҳои оби дарёи Ому (с.1984).
Маҷрои миёнаи бисёрсолаи дарёи Сир баробар ба 37,14 км3 аст, ки аз ин 73,8% (27,40 км3) дар ҳудуди Қирғизистон ташаккул меёбад. Дар ҳудуди Тоҷикистон ҳамагӣ 1,1 км3 (2,96%) захираҳои оби ҳавзаи Сир ташаккул меёбад.
Сарчашмаи асосии обҳои Осиёи Марказӣ пиряхҳо ва барфяхҳоянд, ки 25-30% солонаи онро ташкил медиҳанд. Дар вақти пурборишӣ ва пуробӣ саҳми солонаи онҳо 50%-ро ташкил медиҳад.
Тақсимоти захираҳои оби баҳри Арал ба таври дигар сурат мегирад. Онҳо бар Ҷадвалҳои истифодаи маҷмӯии захираҳои оби ҳавзаҳои рӯдҳои баҳри Арал (1987) ва дарёи Сир (1984) асос мегиранд. Дар ҷадвалҳои мазкур, пеш аз ҳама захираҳои оби мавҷудаи истифодаашон имконпазир ба назар гирифта шудааст. Аз рӯи ҳисобҳо, ҳаҷми захираҳои мавҷудаи об, ки аз обҳои рӯизаминӣ, зеризаминӣ ва обҳои аз кӯлҳои сунъӣ такроран истифодашаванда ҷамъ меоянд, дар як сол 133,64 км3-ро ташкил медиҳад. Дар фоизбандӣ таносуби ин ҳаҷм тақсим шуда буд: Ҷумҳурии Қазоқистон – 11,4%, Ҷумҳурии Қирғизистон – 4%, Ҷумҳурии Тоҷикистон – 10,7%, Туркманистон – 20,3% ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон – 53,6%.
Тақсимоти захираҳои мавҷудаи об дар ҳавзаи баҳри Арал
Давлатҳо
Ҳавзаи Ому
Ҳавзаи Сир
Ҳамагӣ
км3/год
%
км3/год
%
км3/год
%
Қазоқистон
—
—
15,29
31
15,29
11,44
Қирғизистон
0,42
0,5
4,88
9,89
5,3
3,97
Тоҷикистон
10,63
12,607
3,66
7,42
14,29
10,69
Туркманистон
27,07
32,1
—
—
27,07
20,26
Ӯзбекистон
46,2
54,79
25,49
51,68
71,69
53,64
Ҳамагӣ
84,32
100
49,32
100
133,64
100
Сарчашма: Тасҳеҳи ҷадвали истифодаи маҷмӯӣ ва ҳифзи захираҳои оби дарёи Ому (с.1987), Тасҳеҳи ҷадвали истифодаи маҷмӯӣ ва ҳифзи захираҳои оби дарёи Сир (с.1984).
Ҳаҷмҳое, ки дар ҷадвал оварда шудаанд, бо назардошти рӯдҳои березише ба баҳр мисли Зарафшон ва Қашқадарё ва обҳое, ки такроран истифода мешаванд ва маҷроҳои талафшавандаро чун рӯдҳои Афғонистон дар ҳаҷми 2,10 км3 фаро мегиранд.
Дар нақшаҳо инчунин ҳаҷми захираҳои об барои истифодаи бевосита аз ҷараёни дарёҳои Ому ва Сир дар ҳаҷми 90% таъминот, яъне истифодаи комили захираҳои об нишон дода шудааст. Тақсимбандии об бо истифодаи мустақими ҷараёни Ому ва Сир дар ҳаҷми 84,19 км3 (63 фоиз аз ҳисоби захираҳои оби мавҷуда) байни давлатҳо бо чунин таносуб сурат гирифтааст: Қазоқистон – 10,01 км3 (11,9%), Қирғизистон – 0,79 км3 (0,9%), Тоҷикистон – 11,31 км3 (13,4%), Туркманистон – 22,0 (26,1 км3) ва Ӯзбекистон 40,08 км3 (47,6%).
Тақсимбандии захираҳои об аз саргаҳи дарёҳои Ому ва Сир
Давлатҳо
Ому
Сир
Ҳамагӣ
км3/сол
%
км3/сол
%
км3/сол
%
Қазоқистон
—
—
10,01
44,12
10,01
11,9
Қирғизистон
0,40
0,60
0,39
1,72
0,79
0,9
Тоҷикистон
9,50
15,40
1,81
7,98
11,31
13,4
Туркманистон
22,0
35,80
—
—
22,0
26,1
Ӯзбекистон
29,60
48,20
10,48
46,19
40,08
47,6
Ҳамагӣ
61,50
100,0
22,69
100,0
84,19
100,0
Сарчашма: Тасҳеҳи ҷадвали истифодаи маҷмӯӣ ва ҳифзи захираҳои оби дарёи Ому (с.1987), Тасҳеҳи ҷадвали истифодаи маҷмӯӣ ва ҳифзи захираҳои оби дарёи Сир (с.1984).
Ин гуна тақсимбандии обро одилона номидан мушкил аст, зеро Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки дорои захираҳои бузурги об мебошанд, дар масъалаи тақсимбандии умумии об ба саҳми камтарин соҳиб шудаанд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон қатъи назар аз чунин беадолатӣ нисбат ба манфиатҳои онҳо, бар асоси усулҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми мутақобила дар соҳаи истифодаи захираҳои об ба қабули ин ҷадвал мувофиқат намуданд. Ин мавзӯъ дар Созишномаи байни Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи идораи муштараки истифода ва ҳифзи захираҳои оби манобеи байнидавлатӣ (ш.Алмаато, 18 феврали соли 1992) ва Эъломияи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ (ш.Нуқус, 20 сентябри соли 1995) таъйид шудааст. Дар Конфронси байналмилалии СММ дар бораи рушди устувор (Ӯҳдадориҳо. Қисми аввал. Садоқат ба рушди устувор) чунин омадааст: «Мо бо он, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ созишщномаҳо, қарордодҳо ва асноди дигари меъёрии қаблан ба имзо расондаашон ва ҳоло амалкунандаро, ки муносибатҳои мутақобилаи онҳоро дар бахши захираҳои оби ҳавзаи Арал танзим мекунанд, эътироф менамоянд ва бемайлон иҷро менамоянд, розхастем».
Бар асоси Созишномаи соли 1992 Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсози мақомоти хоҷагиҳои об (КБҲМ) таъсис ёфтааст, ки ба ҳайати он роҳбарони дараҷаи аввали ниҳодҳои марбут ба хоҷагии оби кишварҳои Осиёи Марказӣ шомил шудаанд. Ин комиссияи байнидавлатӣ ҳамасола квотаи истифодаи обро барои ҳар кишвар танзим ва тасдиқ мекунад, бар асоси пешбиниҳои акиқшуда ва дар робита бо вазъияти баамаломада дар идораю истифодаи об квотаҳоро тасҳеҳ менамояд. Баъдтар, яъне дар соли 1993 бо ибтикори сарони ҳамаи давлатҳои минтақа ба мақсади паст кардани бӯҳрони Арал Фонди байналмилалии наҷоти Арал таъсис ёфт ва вазифаи он аз ҳалли мушкилоти мубрам дар ҳавзаи баҳри Арал иборат буд.
2. Мушкилоти баҳри Арал
Густариши майдонҳои обёришаванда ва аз худ кардани захираҳои оби ҳавзаи баҳри Арал сабаби маҳви баҳри Арал гардид, ки замоне аз назари захираи об чаҳорумин баҳри баста дар ҷаҳон маҳсуб мешуд. Дар авоили солҳои 60 – уми асри гузашта баАрал тавассути ду дарёи асосии минтақа, яъне Ому ва Сир то 60 километри мукааб об мерехт ва сатҳи об дар ин баҳр бо назардошти борандагиҳо ва бухори он дар ҳолати муайян қарор дошт. Мутаассифона, дар натиҷаи ду баробар зиёд шудани майдонҳои обёришаванда миқдори обанборҳое, ки аз ду дарёи мазкур сарчашма мегиранд, низ ду баробар афзуд. Ин тадбирҳо ба камоб шудани баҳри Арал боис гардид.
Дар давоми солҳои 1960 – 2000 майдони обёришаванда дар минтақаи Осиёи Марказӣ ду баробар зиёд шуду масоҳати он ба 8 млн. гектар расид. Майдони обёришаванда асосан дар кишварҳои поёноб густариш ёфт, зеро заминҳои нисбатан ҳамвори онҳо шароити хуберо барои инкишофи соҳаи зироат фароҳам овардаанд. Дар ҳоли ҳозир дар доираи ҳавзаи баҳри Арал заминҳои обёришавандаи кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин ҳолатро доранд: Қазоқистон – 786 ҳазор гектар , Қирғизистон — 415 ҳазор гектар, Тоҷикистон — 743 ҳазор гектар, Туркманистон – 1млн. 860 ҳазор гектар ва Ӯзбекистон – 4 млн.259 ҳазор гектар.
Чунон ки мушоҳида мекунед, бештари майдонҳои обёришаванда ба кишварҳои поёноб, хусусан ба Ӯзбекистон тааллуқ дорад ва дар ин кишвар бештар аз ними заминҳои обёришавандаи ҳавзаи баҳри Арал ҷойгир аст. Мутобиқан қисми зиёди захираи оби минтақа (60 фоиз) низ аз тарафи ин кишвар мавриди истифода қарор мегирад. Аммо дар Тоҷикистон ва Қирғизистон сатҳи таъминот бо заминҳои обёришаванда нисбат ба кишварҳои дигари минтақа хеле поин аст.
Дар соли 2000 дар ҳавзаи баҳри Арал таъминот бо заминҳои обёришаванда барои ҳар сари аҳолӣ сурати зайлро дошт: Қазоқистон – 0,3 гектар /нафар, Қирғизистон – 0,14 гектар/нафар, Тоҷикистон – 0,11 гектар/нафар, Туркманистон – 0,41 гектар/нафар ва Ӯзбекистон – 0,19 гектар/нафар. Нишондиҳандаи ҳисоби миёнаи ин ҳолат дар ҳавзаи баҳри Арал 0,20 гектар/нафарро ташкил намуд. Зимнан, онро низ ба назар бояд гирифт, ки аҳолии минтақа дар тӯли 7 – 8 соли охир ба андозаи 7 – 8 фоиз афзудааст ва ин тамоюли афзоиши аҳолӣ дар 20 – 30 соли оянда низ идома хоҳад кард. Таври мисол, дар соли 2010 сатҳи таъминот бо замини обёришаванда дар Тоҷикистон барои ҳар сари аҳолӣ 0,09 гектар/нафарро ташкил кард. Яъне, ин нишондиҳанда тамоюли коҳиши сол ба солро дорад ва ба оқибатҳои хеле нохушоянд хоҳад расонд. Барои наҷоти баҳри Арал ҳанӯз дар замони шӯравӣ меъёри муайяни об муқаррар гардида буд ва обе, ки аз ду дарё ба ин баҳр мерехт, мебоист ба ин меъёр мутобиқат мекард. Ҳамин тариқ, бар асоси ҷадвалҳои истифодаи маҷмӯии захираҳои оби Ому ва Сир ҳаҷми обе, ки ба баҳр мерехт, вобаста ба пуробии сол ба ҳисоби миёна 6,42 километри мукааб таъйин шуда буд. Ин меъёр бо назардошти рушди соҳаи обёрӣ дар Афғонистон низ муқаррар гардидааст ва ҳаҷми сарфи об аз дарёи Ому барои Афғонистон 6,4 километри мукаабро ташкил медод.
Тақсимбандии об дар кишварҳои ҳавзаи баҳри Арал то имрӯз бар асоси ҷадвалҳое, ки дар боло зикрашон рафт, амалӣ мегардад ва ҳамасола барои баҳри Арал ҳаҷми бузурги об ҷудо карда мешавад. Мутобиқи гузоришҳои КБҲМ дар тӯли солҳои 1992 – 2010 ҳаҷми обе, ки ба сӯи баҳри Арал ва манотиқи назди Арал равон шудааст, 258 миллиард метри мукааб ё худ ба ҳисоби миёнаи солона 14,3 миллиард метри мукаабро ташкил медод.
Ин рақамҳо аз сарфи солонаи об дар Тоҷикистон (дар миқёси ҳавзаи баҳри Арал) қариб 2 баробар зиёд аст.
Дар зимн бояд гуфт, ки Тоҷикистон ҳамасола саҳмияи худро ба таври комил истифода намекунад, саҳмияе, ки барои вай ҷудо кардаанд, то 1,6 километри мукааб истифода мешавад. Агар мо бозгашти оби мавриди зарурати киштро ба назар бигирем, Тоҷикистон солона 5 километри мукаабро мавриди истифода қарор медиҳад. Аммо дар панҷ соли охир он чи Тоҷикистон истифода нанамудааст, дар миқёси ҳавзаи Арал 20 дар садро ташкил медиҳад. Ба ибораи дигар Тоҷикистон 8 километри мукаабро аз саҳмияи хеш истифода накардааст. Агар ба ҳарфи коршиносони Ӯзбекистон бовар кунем, чунин бармеояд, ки гӯё онҳо дар кишвари худ захираи обро аз 65 то 52 километри мукааб коҳиш додаанд ва гӯё ба баҳри Арал ҳамасола 13 километри мукааб об рехтааст. Таҳлили оддии арифметикӣ нишон медиҳад, ки бо назардошти сарфакориҳои Ӯзбекистон дар истифода аз об ба баҳри Арал ҳар сол мебоист на камтар аз 20 километри мукааб об мерехт.
Мутаассифона, дар амал манзараи дигаре тарсим мешавад. Баҳри Арал на фақат оберо, ки барои он пешбинӣ шудааст, қабул намекунад, балки имкони қабули оберо, ки дар Тоҷикистону Афғонистон мавриди истифода қарор нагирифтааст, надорад. Ин об дар роҳ тороҷ мешавад. Аммо воқеият ин аст, ки баҳри Арал на оберо, ки барои он пешбинӣ шудааст ва на оберо, ки Тоҷикистону Афғонистон истифода накардаанд, қабул наменамояд, чунки ин об ба Арал намерасад. Сабаби ин дар он аст, ки қисми бисёри ин об дар полезҳои обкаши майдонҳои кишт ё низоми ғайристандартии обёрӣ гум мешавад ва ҳаҷми оби ҳадаррафта ба 30-40 дарсад баробар аст. Талафоти зиёди об дар ҷараёни тафсияи он ва равон намудани об ба майдонҳои кишт дар маҷрои миёна ва поёноби дарёи Ому мушоҳида мешавад. Танҳо дар тӯли се соли гузашта талафоти ҷараёни об дар ин минтақа (ҳудуди Туркманистон, ҷануб ва шимоли вилояти Хоразм-мутарҷим) 32 километри мукааб ё худ солона 10 километри мукаабро ташкил дод, ки аз нишондиҳандаҳои давраи шӯравӣ се баробар зиёд аст. Таҳқиқот ошкор сохтанд, ки аз ҳаҷми умумии об танҳо 20 дарсади он самарабахш истифода мешавад ва то 80 фоизи дигар ба таври бебозгашт ба бод меравад. Дар бобати хушк шудани баҳри Арал обанборҳои мутааддиде, ки дар кишварҳои поёноб сохтаанд ва сохта мешаванд, саҳми «сазовор» доранд. Шумораи чунин иншооте, ки кайҳо сохта шудаанд ва имрӯз бунёд мешаванд, аз сад зиёд аст ва ғунҷоиши онҳо ба 140 километри мукааб расидааст. Ҳаҷми обанборҳои Ӯзбекистон бо назардошти силсилаи кӯл-обанборҳои Айдаркӯл, Арнасой ва Сариқамиш (мутобиқан аз 40 километри мукааб то 46 километри мукааб), ҳамчунин даҳҳо кӯлҳои маснӯии дигар, ки аз туғёни оби дарё ва заҳбӯрҳо сарчашма мегиранд, аз ҳаҷми оби баҳри Арал бештар аст.
Ҳамаи ин ба он сабаб шудааст, ки имрӯз баҳри Арал то 10 баробар ҳаҷми аввалияи оби худро аз даст додааст (аз 1015 километри мукааб то 90 километри мукааб) ва бистари баҳр 6 баробар коҳиш ёфтааст (аз 68 ҳазор километри мураббаъ то 12 ҳазор километри мураббаъ). Ҳамасола ҳазорҳо тонна намак аз бистари хушкидаи баҳр тавассути бод ба ҳудуди ҳавзаи баҳри Арал паҳн мешавад ва ҳатто аз ин ҳавза берун меравад. Қисме аз ин боди намакин ба пиряхҳои минтақа асар мегузорад ва ба раванди об шудани онҳо суръат мебахшад.
3. Таъсири таҳдидҳои нав-афзоиши аҳолӣ ва тағйироти иқлим ба таъмини амнияти об
Вазъияти феълии минтақа бар замми фоҷиаи Арал аз ҳисоби тағйири иқлим ташвишовартар мешавад. Дар натиҷаи чунин дигаргуниҳо обшавии босуръати пиряхҳо ва захираҳои барфи минтақа рух медиҳад ва аз сӯи дигар, зарурат ба истифодаи об меафзояд, зеро ин зарурат ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад.
Мувофиқи арзёбии коршиносон, дар давоми асри 20 захираи пиряхҳо қариб 30 фоиз коҳиш ёфтааст. Калонтарин дар минтақа пиряхи Федченко, ки масофааш беш аз 70 километр аст, дар асри ХХ баробари қариб 1 километр коҳиш ёфта, масоҳаташ баробари 11 километри мураббаъ кам гардида ва ҳаҷмаш баробари қариб ду километри мукааб коҳиш ёфт. Рӯйдодҳое, ки минбаъд обшавии пиряхҳо, ва аз ин рӯ тағйир ёфтани маҷрои дарёро аз 5 – 10 фоизи на чандон зиёд то 10 – 40 фоизи нишондиҳандаҳои басо калон дар ояндаи дарозмуддат нишон медиҳанд, ташвишоваранд.
Минтақаи Осиёи Марказӣ аз нигоҳи демографӣ ҳам яке аз минтақаҳои фаъолтарин аст. Ҳар сол дар ин ҷо суръати афзоиши аҳолӣ 1,5 – 2 фоизро ташкил медиҳад. То имрӯз дар минтақа беш аз 60 миллион нафар зиндагӣ мекунад. Маълум аст, ки афзоиши теъдоди аҳолӣ боиси афзоиши истифодаи об мегардад. Мувофиқи баъзе ҳисобот, то соли 2030 афзоиши истифодаи об дар Осиёи Марказӣ нисбат ба давраи ҳозира 15 – 20 фоизро ташкил медиҳад.
Захираҳои резиши табиӣ ба ҳавзаи баҳри Арал худи ҳоло пурра ба охир расида ва хоҷагии минтақа дар шароити ҳамеша кифоят накардани об рушд меёбад. Дар ҳоли ҳозир истифодаи умумии об дар ҳавзаи Сирдарё 130 – 150 фоиз ва дар ҳавзаи Амурдарё 100 – 110 фоизро ташкил медиҳад.
Чунин тамоюл наметавонад боиси ташвиш набошад. Давом ёфтани чунин ҳолат барои таъмини амнияти об дар минтақа оқибати басо ҷиддӣ дорад. Ҳамаи ин водор месозад, ки барои мувофиқ шудан ба тағйироти қатъии иқлим ва идораи устувори захираҳои об дар минтақа чораҳои таъҷилӣ дида шаванд. Дар навбати худ, инро фақат дар натиҷаи фаъолияти мутобиқшудаи ҳамаи кишварҳои дахлдор дар заминаи ҳамкории ба тарзи хуб роҳандозишудаи минтақавӣ ба даст овардан мумкин аст.
4. Ҳамкории нокифояи кишварҳои минтақа ҷиҳати истифодаи оқилонаи захираҳои обу барқ.
Ҳамкории босуръати минтақавӣ яке аз ҷиҳатҳои асосии ҳалли масоили обу барқ мебошад. Мутаассифона, ин амал ҳанӯз дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба назар намерасад. Гарчи кишварҳои минтақа баъди ба даст овардани истиқлолият тавонистанд, ки фаъолияти босуботи маҷмӯи хоҷагии обро дар шароити мураккаби давраи гузариш ба иқтисоди тавассути бо василаи ташкили як қатор ниҳодҳои минтақавӣ ва имзои якчанд созишномаҳои муҳим таъмин намоянд, дар минтақа барои ҳамкорӣ дар бахши истифодаи захираҳои обу барқ ҳанӯз захираи зиёде мавҷуд аст, ки метавонад ба ҳамаи кишварҳои дахлдор фоидаи зиёд орад.
Мувофиқи маълумоти Гузориш дар бораи рушди инсон дар Осиёи Марказӣ (Барномаи рушди СММ, с.2006), фоидаи иқтисодии кооператсияи об дар минтақа мувофиқи омилҳои теъдоди дастрас ҳар сол метавонад 5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил диҳад ва ин ҳанӯз на ҳамаи он чизест, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд аз ҳамкории судманд дар бахши истифодаи якҷояи захираҳои обу барқ ба даст оранд. Мавҷуд набудани ҳамкории зарурӣ боиси хатару хароҷоти ҷиддӣ мегардад. Коршиносон ҳанӯз дар соли 2006 талафи минтақаро аз идораи ғайрисамарабахши захираҳои об ба андозаи 1,75 миллиард доллари ИМА ё 3,6 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ арзёбӣ карда буданд (Гузориш дар бораи рушди инсон дар Осиёи Марказӣ, Барномаи рушди СММ, с. 2006).
Проблемаи асосие, ки ба ном монеаи ҳамкории судманд ҷиҳати истифодаи обу барқ дар Осиёи марказӣ мегардад, ин сиёсати миллӣ ва манофеи кишварҳои минтақа мебошад. Сабаб он аст, ки кишварҳо имконияти ҳамкориро аз нигоҳи сиёсати худтаъминкунӣ бо барқ ва захираҳои об арзёбӣ мекунанд. Сиёсати рӯ гардонидан аз ҳамкорӣ, ки сабаби он вобастагии ҳадди ақал аз кишварҳои дигар аст, ба ҳамаи кишварҳои дахлдор зарари зиёд меорад. Барои идораи самарабахши захираҳои оби дарёҳои сарҳадӣ ҳамкории бештари босуръату судманд лозим аст.
Тоҷикистон дар ин бобат равшан дарк менамояд, ки бидуни ҳамкории зарурӣ ягон пешрафт имконият надорад. Кишвар иброз медорад, ки ба гуфтушуниду ҳамкорӣ дар заминаи чунин принсипҳои асосӣ, монанди баробарии соҳибихтиёрона, ҳамкории мутақобилан муфид, муносибатҳои ҳамсоягии нек, иҷрои поквиҷдононаи ӯҳдадориҳои созишномаҳои байналмилалӣ ва ғайра пурра омода аст.
Ин бо амалҳои воқеии кишвар дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон тақвият дода мешавад. Тоҷикистон яке аз аъзои фаъолтарини ҷомеаи ҷаҳон дар амри ҳалли масъалаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Маҷмаъи Умумии СММ бо ибтикори кишвари мо соли 2003 – ро Соли байналмилалии оби нӯшокӣ ва давраи солҳои 2005 — 2015 – ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон кард. Мувофиқи қатъномаи Маҷмаъи Умумии СММ таҳти рақами 64/198 аз 21 декабри соли 2009, ҳамчунин бо ибтикори Тоҷикистон моҳи июни соли 2010 дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе ба манзури таҳлили муфассали ҷараёни иҷрои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» Конфронси байналмилалии ҳайатҳои олимақом бо иштироки намояндагони қариб 80 кишвар ва беш аз 60 созмони байналмилалию минтақавӣ баргузор гардид. Беҳдошти ҳамкорӣ дар бахши истифодаи оби дарёҳои сарҳадӣ, аз ҷумла рушди дипломатияи об, яке аз мавзӯҳои асосии ин чорабинӣ ба шумор рафта, натиҷаи баррасиҳо аз рӯи ин масъалаи муҳим дар Эъломияи Душанбе аз рӯи масъалаи об, ки аз рӯи натиҷаҳои кори он қабул шуд, инъикос ёфтаанд.
Барои таҳким бахшидани ин ғоя, ҳамчунин ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳон ба рушди ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои сарҳадӣ, ки дар онҳо беш аз 40 фоизи аҳолии ҷаҳон зиндагӣ дорад, бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаъи Умумии СММ соли 2013 – ро Соли байналмилалии ҳамкории об эълон кард. Қабули ин қатънома муносибатҳои байнидавлатиро, бешубҳа, хеле беҳтар намуда, яке аз марҳалаҳои муҳими ҳалли проблемаҳои об дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мегардад.
5. Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли масоили обу барқ дар минтақа.
Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии худро барои ҳамкорӣ бо ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ва дар сатҳи минтақа борҳо иброз дошта буд. Дар баробари ин бояд қайд намуд, ки масъалаи истифодаи захираҳои обро барои Тоҷикистон берун аз масъалаи энергетика баррасӣ кардан имконнопазир аст. Сабаб он аст, ки манбаи асосии нерӯи барқи кишварро маҳз захираҳои об ташкил медиҳанд. Тоҷикистон имконияти бузурги гидроэнергетикӣ дорад, ки баробари 527 миллиард киловатт — соат буда, аз ҷумлаи он 317 миллиард киловатт – соаташ аз нигоҳи иқтисодӣ самарабахш аст ва он аз эҳтиёҷоти имрӯзаи кишварҳои минтақа се баробар зиёд мебошад.
Иқтидори гидроэнергетикии дарёҳои Осиёи Марказӣ
Давлатҳо
Иқтидори таъйиншудаи НБО (МВт)
Истеҳсоли барқ дар НБО (2005), млрд. кВт.с
Иқтидори иқтисодии обӣ-энергетикӣ,
млрд. кВт.с
Истифодаи иқтидори обӣ-энергетикӣ, %
Саҳм дар тавонмандии обӣ-энергетикии ОМ,
%
Қазоқистон
2248
7,8
27
29
6
Қирғизистон
2910
14,0
99
14
22
Тоҷикистон
4037
17,0
317
5
69
Туркманистон
1
0
2
0
0
Ӯзбекистон
1420
7,3
15
49
3
Ҳамагӣ
10616
46,1
460
10
100
Манбаъ: маърӯзаи СПЕКА (Барномаи махсус барои кишварҳои Осиёи Марказӣ) «Баҳри таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати истифодаи оқилонаи захираҳои обу барқи Осиёи Марказӣ», СММ, с.2004, нашри Кумитаи омори ИДМ, мавод семинари «Сарбандҳо ва гидроэнергетика дар Русия ва кишварҳои ИДМ», с.2007.
То имрӯз ин нерӯ фақат баробари 3 – 4 фоиз истифода шуда, аз вуҷуди нерӯи бузург барои истифодаи минбаъда далолат мекунад, ки он метавонист ба ҳалли пурраи бисёр масоили имрӯзу ояндаи минтақа мусоидат намояд.
Ин, пеш аз ҳама иборат аз таъмини амнияти об ва обдиҳии кафолатдор барои обёрии заминҳои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар хушксолиҳо тавассути бунёди обанборҳо мебошад, ки онҳо имкон медиҳанд, то резиши дарёҳо дар муддати чандин сол ва ҳангоми мавсимҳо танзим гардад. Барои мисол, сохтмони фақат НБО Роғун дар Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар солҳои камобию хушкӣ қариб 4 миллион гектар замини ҳавзаи Амударё обёрӣ гардида, ҳамчунин боз беш аз 300 ҳазор гектар замини нав мавриди истифода қарор дода шавад.
Дуюм, ин аз тавлиди нерӯи арзону аз нигоҳи экологӣ поки барқ иборат мебошад, ки он метавонад талаботи афзудаи на фақат Тоҷикистонро, ки ҳар сол дар давраи зимистон дучори норасоии нерӯи барқ мегардад, балки талаботи кишварҳои ҳамсояро ҳам қонеъ гардонад. Мардуми Тоҷикистон тӯли беш аз 10 сол аст, ки дар шароити норасоии шадиди барқ дар давраи зимистон зиндагӣ мекунад. Бинобар қатъ шудани транзит се сол ин ҷониб пайи ҳам дар давраи сардтарини сол ба аҳолии кишвар дар як шабонарӯз 2 – 3 соат нерӯи барқ дода мешавад ва аҳолии баъзе ноҳияҳо 2 – 3 моҳ пайи ҳам нерӯи барқ намегиранд. Ин, пеш аз ҳама, ба саломатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири бад мерасонад. Дар ин давра мактабҳо, муассисаҳои давлатӣ баста шуда, беморхонаҳо аз рӯи реҷаи басо маҳдуд кор мекунанд. Норасоии нерӯи барқ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ҳам зарари бузург меорад. Ҳамаи ин боиси афзоиши бекорӣ гардида, ташаннуҷи иҷтимоӣ ривоҷ мегирад.
Истифодаи захираҳои обу барқ ҳамчунин ба хеле кам шудани партови газҳои ангидриди карбон ба фазо боис мегардад. Бояд қайд намуд, ки аз ҷумлаи беш аз 200 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон аз рӯи вазни қиёсии партовҳои дуокиси карбон (СО₂) дар ҷойи 154 – ум қарор дорад. Партовҳои газҳои гармхонаҳо дар Тоҷикистон соле ба як нафар камтар аз як тонна ва ҳиссаи партовҳои он дар миқёси минтақа ҳамагӣ 5 фоизро ташкил медиҳад. Ба ҳамин тариқ, рушди гидроэнергетика ба маҷрои иқдомот дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷиҳати гузаштан ба истифодаи манбаҳои мукаррари нерӯи барқ, ки ҳоло ба ҳайси авлавияти асосӣ дар роҳи солим гардонидани экологияи сайёраамон дониста мешавад, ворид мегардад.
Сеюм, тавлиди нерӯи арзони барқ имкон медод, ки захираҳои нафт, газ ва ангишт, ки онҳоро баъзе кишварҳои минтақа барои тавлиди нерӯи барқ босуръат истифода менамоянд, хеле сарфа карда шавад. Ба ҳамин тариқ, гидроэнергетика аз нуқтаи назари истифодаи устувори захираҳои табиӣ дар ояндаи дур ҳам муҳим аст. Мувофиқи маълумоти Стратегияи ҳамкории минтақавӣ ҷиҳати истифодаи оқилонаю самарабахши захираҳои обу барқи Осиёи Марказӣ, ки онро мутахассисони минтақа дар чаҳорчӯбаи барномаи махсуси СММ – SPECA тарҳрезӣ намудаанд, захираҳои нафту гази минтақа барои 60 сол боқӣ мондаанд. Бо тамоми шудани ин захираҳо зарурати гузаштан ба энергетикаи ангишт ва ё энергетикаи атомӣ пайдо мешавад, ки онҳо бо «тозагии экологии» худ маълуманд. Ба ҳамин тариқ Осиёи Марказиро метавонанд дурнамоҳои начандон хурсандибахш интизор бошанд.
Чорум, обанборҳои нерӯгоҳҳои барқӣ ба ҷилавгирии чунин ҳодисаҳои ниҳоии обу ҳаво, аз қабили хушксолӣ, обхезӣ, селу туғёни об, ки ҳамасола ба қариб ҳамаи кишварҳои минтақа зарари бузурги иқтисодӣ мерасонанд, мусоидат мекунанд.
Ба ҳамин тариқ, саъю кӯшишҳои саривақтию муштарак ба кишварҳои минтақа имкон медоданд, ки ба ситезагариҳои имрӯза якҷоя муқобилат намуда, роҳҳои дурусти ҳалли проблемаҳои мавҷуда ва ояндаро пайдо намоянд. Муносибатҳои умумиминтақавӣ ба истифодаи захираҳои обу барқи Осиёи Марказӣ ҳамчунин ба идораи самарабахштари обу барқ барои таъмини амнияти об, рушди иқтисодиёт, беҳдошти некӯаҳволии аҳолӣ ва умуман ноил шудан ба рушди устувор мусоидат мекарданд.
Анвар Камолиддинов,
коршинос