Нақби «Шаҳристон» ифтитоҳ ёфт
Шаҳристон, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ, Афшини Муқим)- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳ ва ба истифода додани нақби мошингарди «Шаҳристон», ки дар асоси Созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд гардид ва ҳамакнун чун яке аз ҷузвҳои лоиҳаи навсозии роҳи мошингарди Душанбе — Чаноқ ҷануб ва шимоли кишварро ба ҳам мепайвандад, ба ин мавзеъ сафар намуд.Дар ин мавзеъ як қатор аъзои Парлумону Ҳукумати Тоҷикстон, роҳбарони бархе аз вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, намояндагони аҳли илму фарҳанг , шоиру нависандагон, намояндагон аз табақаҳои гуногуни аҳолӣ ва мардуми ноҳияҳои вилояти Суғд бо ҳисси баланди эҳтирому самимият ба сиёсати бунёдкоронаю созандаи Пезиденти кишвар ташрифи Сарвари давлатро мунтазир буданд.Дар маҳаллаи чорабиниҳои тантанавӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия дар фазои тантанавии рӯҳбахш истиқбол гирифтанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даромадгоҳи нақб лентаи рамзиро бурида, пардаи болои лавҳаи ёдгорӣ аз диловарию матонати кӯҳканони тоҷику чиноиро бардошт ва ба фаъолияти нақби мошингарди Шаҳристон оғози расмӣ бахшид. Маврид ба зикр аст, сохтмони расмии нақби «Шаҳристон» 22 августи соли 2006 оғоз ёфта буд ва ин нақб дар 180 – километрии роҳи мошингарди Душанбе — Хуҷанд дар байни ҳудуди ноҳияҳои Айнӣ ва Шаҳристони вилояти Суғд воқеъ гардида, масофаи он 5 ҳазору 253 метрро ташкил медиҳад. Ин нақб бо арзиши лоиҳавии қариб 430 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






