Нахустин ҳуҷраи кӯмаки фаврии таскинӣ ҳангоми руҳафтодагӣ
Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар» Ибодат Давлатова)- Дар назди Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои руҳӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе ҳуҷраи кўмаки фаврии шабонарўзии таскинӣ ба кор шуруъ кард. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ин ҳуҷра табибони бемориҳои равонӣ ба таври шабонарўзӣ ба муҳтоҷон кўмак мерасонанд. Имрўз шумораи гирифторони бемориҳои руҳӣ дар тамоми ҷаҳон рў ба афзоиш ниҳода, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тахмин мекунад, ки дар солҳои 2020-2030 шумораи гирифторони ин беморӣ ба ҷои аввал баромада, аз бемориҳои дилу раг низ бештар хоҳад шуд. Мутаассифона, дар Тоҷикистон низ шумораи ин беморон ба 44 ҳазор нафар расида, ки ҳар яке на танҳо ба кўмаки табибон, балки ба дастгириву ҳамдигарфаҳмии атрофиён низ ниёз дорад. Фаъол гаштани чунин як марказе, ки ниёзмандон тавонанд дар ҳолатҳои вазнини руҳӣ ба табибони бемориҳои руҳӣ муроҷиат намудаву сари вақт маслиҳат гиранд, метавонад шаҳрвандонро аз бисёр пасомадҳои номатлуби руҳафтодагӣ боздорад. Бояд гуфт, ки дар ин ҳуҷра телефонҳои боварӣ фаъол буда, корафтодагон метавонанд дар ҳама вақти зарурӣ аз тариқи телефон бо мутахассисон дар тамос бошанд. Инчунин дар рўзҳои наздик ҷалби мутахассисони равоншинос низ ба ин машваратгоҳ дар назар аст. Маслиҳату машварат дар ин ҷо ба тариқи махфӣ ва ройгон ба роҳ монда шудааст,- гуфт манбаъ.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






