Нашри маҷмӯа дар бораи таърихи навтарини сиёсии кишвар

Октябрь 2, 2012 16:32

Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Дар нашриёти «Эр-граф»-и пойтахти ҷумҳурӣ китоби нави таҳлилии нависандаи шинохтаи тоҷик  Воҳид Ғаффорӣ ва мушовири калони Сарвари давлат оид ба сиёсати хориҷӣ Зафар Сайидзода таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон дар оинаи замон» http://andesha.tj/sites/default/files/book_4.zip бо забони тоҷикӣ аз чоп баромад. Он осори дар тӯли солҳои гузашта дар ҳамкорӣ таҳиягардидаи муаллифонро роҷеъ ба фаъолияти сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бар мегирад. Чор қисми таркибии китоб «Эмомалӣ Раҳмон: Ман ба шумо сулҳ меоварам», «Президент Эмомалӣ Раҳмон ва густариши худшиносии миллӣ», «Эмомалӣ Раҳмон-бунёдгузори Артиши миллии Тоҷикистон» ва «Пешбару раҳнамои миллат» номгузорӣ шудаанд.   Ин маҷмӯа, ки аз 372 саҳифа иборат аст, ба хонанда имкон медиҳад, дирӯзу имрӯзи Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо ҳам муқоиса кунад ва роҳи тайкардаи кишварро пас аз Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — дар тӯли бист соли дигаргуниҳои созандаи куллӣ- чун дар оина мушоҳида намояд. Дар аснои иншои асар муаллифон далелу арқоми ҷолиб ва санадҳои сершумори давлатиро ба гирдоби пажуҳиши илмию сиёсӣ кашидаанд.

Октябрь 2, 2012 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад