Назорат суст аст

Октябрь 16, 2012 10:41

Хоруғ, 16 октябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). — Дар машварати васеи назди раиси ВМКБ фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» баррасӣ гардид. Иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи дини назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят Сардорбек Ҳазорабеков иттилоъ дод, ки ба қайдгирии иттиҳодияҳои динӣ дар асоси қонун ба низоми муайян дароварда шудааст, аммо камбудиҳо дар иҷрои ин қонун кам нест. Санҷиш нишон дод, ки дар деҳаи Дардар як бино бе расмият ҳамчун масҷиди панҷвақтаи намоз истифода бурда мешавад. Пайваста иваз шудани мудири бахши дини назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва назорати сусти мутахассисони ҷамоатҳои деҳот ба қонунвайронкуниҳо мусоидат намуд.

Октябрь 16, 2012 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд