Оғози навсозии шоҳроҳи Айнӣ — Панҷакент — идомаи сиёсати бунёдкорона

Октябрь 27, 2012 13:44

Панҷакент, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим, Дилшодаи Хайруллоҳ) — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кори худ ба вилояти Суғд ба таъмир ва навсозии роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакент оғози расмӣ бахшид. Зикр гардид, ки масофаи ин шоҳроҳ 114 километрро буда, якҷоя бо роҳҳои маҳаллӣ ва таъмирталаби ноҳияи Айниву шаҳри Панҷакент 170 километрро ташкил медиҳад.  Гуфта шуд, барои татбиқи ин лоиҳа қариб 140 миллион доллари амрикоӣ ҷудо гардидааст, ки 100 миллион доллари онро Бонки Осиёии Рушд сармоягузорӣ мекунад. Бо татбиқи ин лоиҳа беш аз 500 сокини маҳаллӣ метавонанд то анҷоми корҳои сохтмонии ин шоҳроҳ, ки дар назар аст 2-3 сол тӯл кашад, бо ҷои кору маоши баланд таъмин гарданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия ва дигар сохторҳои дахлдор дастур дод, то ҷиҳати саривақт ва бо сифати баланд ба истифода додани ин шоҳроҳ мунтазам назорати ҷиддӣ баранд.  Маврид ба зикр аст, ки татбиқи лоиҳаи навсозии роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакент боз як қадами ҷиддие дар самти баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ хоҳад буд.

Октябрь 27, 2012 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад