Оҳиста рав- пайваста рав

Октябрь 9, 2012 11:52

Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). –Аз 30 сентябр то 7 октябри соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 34 садамаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 17 нафар ба ҳалокат расида, 47 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд.  Аз ҷумла 1- октябри соли 2012 соати 16.00 дар шаҳри Ваҳдат ронандаи мошини тамғаи «Камаз-5511» Бахтовар Солеҳов, соли таваллудаш 1987, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди Ваҳдат-Ромит дар километри 37-уми роҳ аз уҳдаи идораи мошин набаромада, мошинро чаппа мекунад, ки дар натиҷа худи ронанда ҷароҳати ванини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ҳамчунин 4 октябр соати 17.30 дар ноҳияи Бохтар ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс» Ҷамшед Маҳмадалиев, соли таваллудаш 1959, ҳангоми ҳаракат қоидаи ҳаракати роҳро риоя накарда, ба сабқат баромада, ба мошини тамғаи «Опел-Вектра», таҳти идораи ронанда Анварҷон Сайдалиев, соли таваллудаш 1989 бархӯрда, баъдан аз роҳ баромада, пиёдагарди ноболиғ Шамсиддин Бобохонови 8 -соларо зер мекунад, ки дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Дар ин бора аз шӯъбаи ташвиқоту тарғиботи раёсати Бозрасии Давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ Маҳмадшариф Шамсов иттилоъ дод.

Октябрь 9, 2012 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад