О.Оқилов: «Фазои мусоиди ҷалби сармоя дар кишвар муҳайёст»

Октябрь 19, 2012 11:53

Душанбе, 19 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Имрўз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи даҳуми Шўрои роҳбарони Палатаҳои савдо ва саноати давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ баргузор гардид, ки дар он Оқил Оқилов, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда,тамоми ширкаткунандагони ҷаласаро шодбош гуфт. Мавсуф зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими ҳамкориҳо миёни кишварҳои ИДМ, хусусан тавсеаи робитаҳои густурдаю мутақобилан судманд дар доираи Шўрои Палатаҳои савдо ва саноати /ПСС/ кишварҳои ИДМ аҳамияти махсус медиҳад. Сарвазири кишвар афзуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мусоид ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди ҳамгироии минтақавӣ фароҳам оварда шудааст. Сарвазири Тоҷикистон таъкид кард, ки бобати тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бояд ҳамкориҳоро дар доираи Шўрои Палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои ИДМ тақвият бахшид. Дар ҷаласа ҳамзамон муовини раиси Кумитаи иҷроия, котиботи иҷроияи ИДМ Анатолий Дрон, роҳбарони Палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои ИДМ, доираҳои тиҷоратии кишвар ширкат доштанд. Анатолий Дрон нақши Шўрои Палатаҳои савдо ва саноати ИДМ –ро дар рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии кишварҳои ИДМ, тавсеаи соҳибкории хурду миёна, ташкили намоишгоҳу ярмаркаҳои иқтисодию тиҷоратӣ муҳим арзёбӣ кард. Шариф Саид –раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон гуфт, ки Шўрои ПСС ИДМ ҳамчун созмони бонуфузи байналмилалӣ тавонист дар тўли даҳ соли фаъолияташ дар тақвияти ҳамкориҳои самарабахши иқтисодию тиҷоратии кишварҳои ИДМ саҳми босазо гузорад. Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба фаъолияти даҳсолаи ПСС ИДМ, рушд ва дурнамои он, инчунин нақши Шўрои роҳбарони Палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои ИДМ дар таҳкими раванди ҳамгироӣ дар фазои ИДМ матраҳ гардид. Инчунин роҳбарони ПСС давлатҳои ИДМ доир ба натиҷаҳои фаъолияти даҳсолаи Шўро ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъдаи он табодули назар намуданд. Дар фарҷоми ҷаласа роҳбарони Палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои ИДМ барои саҳмашон дар таҳкими ҳамкориҳо, хусусан ташкили намоишгоҳҳою ярмаркаҳо бо медал ва диплом сарфароз гардиданд.

Октябрь 19, 2012 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад