Парлумон қонуни ҳамкории наздисарҳадиро қабул менамояд
Душанбе, 30 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Интизор меравад, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси намояндагон ояндаи наздик лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳамкории наздисарҳадӣ»-ро қабул намояд. Лоиҳаи ин қонун 30 октябр дар ҷаласаи Шўрои Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров- раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон доир гардид, баррасӣ шуд. Лоиҳаи Қонун «Дар бораи ҳамкории наздисарҳадӣ» бо мақсади рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии сокинони деҳаҳои наздисарҳадии кишвар таҳия шудааст. Он асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодии ҳамкории наздисарҳадӣ ва ҷараёнҳои ҳамкории наздисарҳадӣ ва шаклҳои онро ба танзим медарорад. Дар ҷаласа зикр шуд, ки татбиқи сиёсати давлатӣ дар бахши ҳамкории наздисарҳадӣ, муҳайё кардани шароити мусоид барои фаъолияти самарабахши иштироккунандагони ҳамкории наздисарҳадӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ҳудудҳои наздисарҳадии давлатҳо аз ҳадафҳои лоиҳаи қонуни мазкур маҳсуб мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






