Паёмҳои нави Тоҷикистон аз минбари СММ
Душанбе, 2 октябр (АМИТ «Ховар»).- Дар даҳаи охири моҳи сентябр ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ дар кори Иҷлоси 67-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок кард. Чун анъана мақсади асосии ширкати ҳайати Тоҷикистон баррасӣ намудани мавқеи ҷумҳурӣ роҷеъ ба муҳимтарин масъалаҳои сиёсати байналмилалӣ, минтақавӣ, инчунин масъалаҳои вобаста ба рушди Тоҷикистон буд.Зимни сафари худ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбари иҷлоси 67-уми Маҷмааи Умумии СММ суханронӣ намуда, дар ҷаласаҳои солонаи вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Гурўҳи 77 ва Хитой, Гурўҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур ба хушкӣ ва Муҳовараи ҳамкории Осиё иштирок кард ва бо як қатор намояндаҳои баландпояи кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ мулоқот доир намуд. Дар мулоқоту суханрониҳои худ роҳбари идораи сиёсии Тоҷикистон чанд масъалаеро мавриди баррасӣ қарор дод, ки дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ мавқеи хоса доранд.Нақши марказии СММ дар ҳалли масъалаҳои байналмилалӣРоҳбарияти Тоҷикистон солҳост, ки нақши созандаи Созмони Милали Муттаҳидро дар мушкилоти байналмилалӣ эътироф намуда, кўшиш ба он дорад, ки мақсаду ҳадафҳои ин созмони универсалӣ ба рушди босуръати ҷаҳони муосир ва равандҳои ҷаҳонишавӣ ҳамқадам бошад. Яке аз чунин василаҳои мувофиқсозии фаъолияти СММ роҳандозӣ намудани ислоҳот дар ин созмон мебошад. Бесабаб нест, ки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ дар иҷлоси 67-уми Маҷмааи Умумии СММ бори дигар ба масъалаи баланд бардоштани нақши Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли проблемаҳои ҷаҳонӣ таваҷҷўҳи хоса зоҳир намуд. Ба андешаи ў «ҳодисаҳои охирини олам бори дигар нишон доданд, ки ҳаллу фасли масъалаҳои ҷаҳониву минтақавӣ бе таҳкими нақши марказии СММ дар масъалаҳои байналмилалӣ ва бе таҳкими усули дастҷамъӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ дар асоси риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ имконпазир нест». Аз ин лиҳоз Ҳамрохон Зарифӣ диққати ҳозиринро ба «зарурати ислоҳоти оқилонаи Созмон», «ислоҳоте, ки дар натиҷаи он Созмони Милали Муттаҳид тавонад, ба рӯйдодҳои ҷаҳон зуду шоиста вокуниш кунад ва бо таҳдидҳои сершумори ҷаҳони имрӯз ба таври муассир муқовимат намояд» ҷалб намуд. Маҳкум намудани таҳқири дини мубини исломБояд зикр намуд, ки Роҳбарияти Тоҷикистон борҳо аз минбарҳои баланди ҳамоишҳои ҷаҳонӣ масъалаи таҳаммулпазирии байни тамаддунҳо ва динҳоро бо миён гузошта, дар мавриди арзишҳои умумиинсонии дини ислом, пайваст насохтани он бо чунин зуҳуроти манфӣ ба мисли терроризму экстремизм ибрози назар намуда буд. Мутаассифона, яке аз ҳодисаҳои иғвоангези моҳи охир тавассути шабакаҳои интернетӣ паҳншавии филме бахшида ба ислом буд, ки он вокуниши шадидеро дар ҷаҳони ислом ба вуҷуд оварда, боиси амалҳои зўроварӣ ва куштори одамон гардид.Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни мулоқотҳои худ ва суханрониаш аз минбари СММ сари ин масъала таваққуф намуда, роҷеъ ба он мавқеи кишвари худро иброз намуд. Ҳ. Зарифӣ зимни суханрониаш дар иҷлоси зикршуда чунин изҳор дошт: «Тоҷикистон тарафдори эҳтироми гуногунии фарҳангиву динӣ ва гуфтугӯи байни тамаддунҳо барои таҳкими сулҳу ҳамдигарфаҳмии ҷаҳонӣ мебошад. Ба ин муносибат мо бисёр нигаронем, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам, бо суистифода аз озодии баён, кӯшишҳои таҳқир намудани динҳо, хусусан дини мубини Ислом, ба мушоҳида мерасанд. Мо ин раванди номатлубро қотеона маҳкум менамоем».Ҳамин мавқеи усулии кишвар дар суханронии Вазир дар ҷаласаи солонаи ҳамоҳангсозии вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ бори дигар таъкид гардид.Эҳтироми ҳуқуқи инсонҶумҳурии Тоҷикистон дар давоми соҳибистиқлолии худ рушди демократия, сохтмони ҷомаеи шаҳрвандӣ ва таъмини ҳуқуқи инсонро яке аз вазифаҳо ва дастовардҳои худ меҳисобад. Сарфи назар аз мушкилоти давраи гузариш ҷумҳурӣ тавонист, ки дар ин самт корҳои зиёдеро ба анҷом расонида, ҳоло дар назди худ вазифаҳои нав гузоштааст.Зимни сафари худ ба Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ин масъаларо низ мавриди баррасӣ қарор дод. Ҳамрохон Зарифӣ дар суханронии худ дар иҷлоси 67-уми Маҷмааи Умумии СММ зикр намуд, ки яке аз дастовардҳои асосии Созмони Милали Муттаҳид эҷод намудани меъёрҳои фарогир оид ба ҳуқуқи инсон мебошад. Ба андешаи ў ҳуқуқи инсон дар баробари сулҳ, амният ва рушд сутуни ин Созмонро ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон, ки ширкаткунандаи паймонҳои асосии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи башар мебошад, барои таъмини ҳимоя ва ташвиқи ҳуқуқи инсон дар кишвар тадбирҳои лозимаро пайваста меандешад. Дар вобастагӣ ба ин ў иттилоъ дод, ки ба мақсади саҳмгузории бештар ба амалисозии ҳадафҳои олии Шӯрои ҳуқуқи инсон, Ҳукумати Тоҷикистон қарор қабул намуд, то номзадии худро ба ин ниҳоди муҳим барои солҳои 2015-2017 пешниҳод кунад. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ибрози умедворӣ намуд, ки дар ин маврид кишварҳои аъзои Созмон номзадии кишвари моро дастгирӣ хоҳанд кард.Ҳалли қазияи АфғонистонЯке аз мавзўъҳои марказӣ миёни масъалагузориҳои роҳбарияти Тоҷикистон дар ҳамоишҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳалли қазияи Афғонистон ва ба эътидол овардани вазъияти он мебошад. Ин дафъа ҳам мавзўи Афғонистон дар меҳвари гуфтугузорҳои Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Ню-Йорк қарор дошт. Зимни ин ў ба баровардани нерўҳои Эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014 таваҷҷўҳ намуда, аҳамияти фавқулъода зиёд пайдо кардани «мавзӯи Афғонистон»-ро на танҳо барои минтақа, балки тамоми ҷаҳон таъкид сохт. Бояд зикр намуд, ки Роҳбарияти Тоҷикистон калиди ҳалли қазияи Афғонистон ва таъмини сулҳи устуворро дар ин кишвар дар рушди иҷтимоиву иқтисодии он мебинад. Ҳамрохон Зарифӣ зимни суханронии худ аз минбари СММ сари ин мавзўъ таваққуф намуда, зикр кард, ки «ёрии байналмилалӣ ба Афғонистон бояд, пеш аз ҳама, ба бозсозии иқтисодӣ, таҳкими бештари соҳаи иҷтимоӣ, эҷоди ҷойҳои нави корӣ ва ғайра равона шавад». Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон иброз дошт, ки «дар ин замина, амалӣ намудани лоиҳаҳои сохтмони роҳҳои оҳан ва мошингард, хатҳои интиқоли барқ, лӯлаҳои газ ва ғайра, ки Афғонистонро бо Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа мепайванданд, аҳамияти зиёд доранд». Вобаста ба ин мавзўъ Ҳамрохон Зарифӣ диққати ҳозиринро ба натиҷаҳои Конфронси панҷуми ҳамкории минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон ҷалб намуд, ки моҳи марти соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор шуда буд. Дар Конфронси зикршуда лоиҳаҳои мушаххаси минтақавӣ дар соҳаҳои гуногун пешниҳод шуда буданд, ки ба барқарор намудани ҳамкории регионалӣ бо иштироки Афғонистон мусоидат карда метавонанд. Вазир иброз дошт, ки «Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздик дар бозсозии иқтисодӣ ва барқарорсозии зербинои иҷтимоии Афғонистон фаъолона иштирок менамояд». Ў илова намуд, ки «равандҳои ҳамкории минтақавии серсоҳа Афғонистонро низ ба таври пурра бояд фаро гиранд».Мубориза бо қочоқи маводи мухаддирМасъалаи дигаре, ки зимни сафари ҳайати Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад, ки аз нигоҳи кишвари мо ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба он таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд, Тавре Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз минбари СММ иброз дошт, «ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати коҳиш додани истеҳсол, интиқол ва истеъмоли маводди мухаддир бояд якҷоя тадбир андешад, ва кӯшишҳоеро, ки дар сатҳи миллӣ анҷом дода мешаванд, бо Стратегияи байналмилалии назорат бар маводди мухаддир якҷоя намояд». Ҳамрохон Зарифӣ иттилоъ дод, ки Тоҷикистон стратегияи худро дар соҳаи мубориза бо маводди мухаддир, ки барномаҳои амал ва ҳамкории кӯтоҳу дарозмуддатро дар асоси ду- ва бисёрҷониба дарбар мегирад, таҳия намудааст. Ў инчунин зикр намуд, ки Тоҷикистон ба тарҳрезии стратегияи нави давлатӣ дар соҳаи мубориза бо маводди мухаддир барои солҳои 2013-2020 шурӯъ намудааст.Бартараф кардани хатари минаҳои зидди пиёданизомВазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бори дигар масъалаи бартараф кардани хатари минаҳои зидди пиёдагардро ба миён гузошт. Бо ишора ба Конвенсияи Оттава, ки аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал омадааст, то ба истифодаи минаҳои зидди пиёданизом, ки боиси азобу бадбахтиҳои зиёд, кушта ва маҷрӯҳ шудани одамон, асосан афроди ғайринизомии бегуноҳу бедифоъ ва кӯдакон гардида, монеи рушду бозсозии иқтисодӣ мешавад, поён диҳад, Ҳамрохон Зарифӣ таваҷҷўҳи иштирокчиёни Маҷмааи Умумии СММ-ро ба ин масъалаи муҳим ҷалб намуд. Ў бо таассуф таъкид намуд, ки «азобу бадбахтиҳое, ки минаҳои зидди пиёданизом меоранд, домани аҳолии кишвари моро, ки канори сарҳади давлати ҳамсоя зиндагӣ менамояд, низ кашидаанд». Аз ин рӯ, Вазир хостори иҷрои комил ва муассири санади мазкур дар ҳамкорӣ бо ҳамаи тарафҳои манфиатдор шуд. Ў бори дигар изҳор намуд, ки «Тоҷикистон тарафдори фаъоли минтақаи холӣ аз мина дар Осиёи Марказӣ мебошад».Таъмини рушди устуворМасъалаи дигаре, ки солҳои охир Роҳбарияти Тоҷикистон ба он таваҷҷўҳи хоса зоҳир мекунад, таъмини рушди устувор мебошад. Зимни суханронии худ аз минбари СММ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ин мавзўъ таваҷҷўҳи алоҳида зоҳир намуда, бо ишора ба Конфронси Рио-де-Жанейро зикр намуд, ки ба ин хотир соли 2012 дар таърих сабт хоҳад шуд. Ҳамрохон Зарифӣ аҳамияти ин конфронсро, ки дар он кишварҳои ҷаҳон пас аз бист сол боз ҷамъ омада, роҳҳои муассири расидан ба рушди устуворро муҳокима намуданд, таъкид намуда, иброз дошт, ки Конфронс пойбандии ҷомеаи байналмилалиро ба масири рушди устувор ва бунёд намудани ояндаи аз нигоҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ устувор – «Ояндае, ки мо мехоҳем» таъйид кард. Вобаста ба ин Вазир иброз дошт, ки «таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, ки ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ равона шудааст, ҳадафи стратегии Ҳукумати Тоҷикистон мебошад». Ў зикр намуд, ки зимни ин ба истифодаи муассир, оқилона ва сарфаҷӯёнаи захираҳои табиӣ, ки унсури асосии иқтисоди «сабз»-ро ташкил медиҳад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дастрасӣ ба энергияЯке аз масъалаҳои муҳимтарине, ки чун ҳадафи стратегии Тоҷикистон мушаххас гардида, ба вазъи зисту зиндагии сокинони Тоҷикистон таъсири бевосита дорад, таъмини истиқлоли энергетикии Тоҷикистон мебошад. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханрониҳои худ, аз ҷумла дар иҷлоси 67-уми СММ роҷеъ ба ин масъала алоҳида ибрози назар намуд. Ў аз минбари СММ таъкид намуд, ки дастрасӣ ба энергия барои расидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазора нақши калидӣ дошта, хусусан барои кишварҳои тараққикунанда ва кӯҳистонӣ ба масъалаи рӯз табдил ёфтааст. Ҳамрохон Зарифӣ зикр намуд, ки барои Тоҷикистон низ масъалаи дастрасӣ ба энергия ҷиҳати таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ аҳамияти марказӣ дорад. Ў бо таассуфи зикр кард, ки «ба сабаби дар минтақаи мо набудани ҳамдигарфаҳмиву ҳамкории лозима ва инкор намудани манфиатҳои қонуниву ҳаётии Тоҷикистон, кишвари мо дар давоми беш аз даҳ соли ахир дар шароити камбуди шадиди нирӯи барқ дар мавсими сармо ба сар мебарад».Ба андешаи Вазир, «ба сабаби надоштани манбаъҳои дигари энергетикӣ, барои Тоҷикистон, ки дорои зарфиятҳои азими нирӯи барқи обӣ мебошад, рушди пайдарпай ва ҳамаҷонибаи ин соҳа ҳаётан зарурӣ аст». Ҳамрохон Зарифӣ ҳаққи ҷумҳуриро барои истифода аз захираҳои табии худ бори дигар таъкид намуда, иброз дошт, ки «Тоҷикистон, мувофиқи санадҳои байналмилалӣ, ҳаққи комил дорад, ки захираҳои табиии худ, аз ҷумла нирӯи барқро ба манфиати мардуми худ истифода барад». Дар баробари ин Вазир зарур донист маротибаи дигар мавқеи Тоҷикистонро дар бораи сарфи назар накардани манфиатҳои кишварҳои ҳамсоя иброз намояд. Дар ин бобат ў чунин изҳор намуд: «Лозим медонем, аз ин минбари баланд бо тамоми масъулият изҳор намоем, ки Тоҷикистон зимни истифода аз зарфиятҳои гидроэнергетикии худ нияти пайгирӣ намудани танҳо манфиатҳои худ ба зиёни тараферо надорад. Баръакс, мо ҷонибдори самимии ҳамкории мутақобилан судманди минтақавӣ ҳастем. Ҳамкории фаъолонаи Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди арзёбии фанниву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии лоиҳаи нирӯгоҳи барқи обии Роғун, ки барои кишвари мо аҳамияти ҳаётӣ дорад, нишондиҳандаи мавқеи созандаи мост. Бино бар ин, интизор дорем, ки тарафҳои манфиатдор дар минтақа дар робита ба лоиҳаҳои гидроэнергетикии мо аз изҳороту иқдомоти шитобкоронаву носанҷида, ки хилофи созишномаҳои байналмилалӣ буда, бо руҳи дӯстиву ҳамкорӣ ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ созгор нестанд, худдорӣ менамоянд».Тавсеаи роҳҳои нақлиётиву коммуникатсионӣМасъалаи сохтмони роҳҳо ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ки ҳамчунин ба ҳайси яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон эътироф гардидааст, яке аз мавзўъҳои гуфтушунидҳои Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Ню-Йорк буд. Ҳамрохон Зарифӣ зимни суханронии худ дар иҷлосии 67-уми МУ СММ таъкид намуд, ки «Тоҷикистон ҳамчун кишвари тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ ба сабаби мавқеи ҷуғрофии худ осебпазир аст» ва «дурии ҷуғрофии кишвари мо ва набудани баромад ба баҳр монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди устувори он мебошад». Дар чунин шароит, ба андешаи ў, фаъолияти бемамониати роҳҳои нақлиётиву коммуникатсионӣ, ки Тоҷикистонро аз тариқи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҷаҳони хориҷ мепайванданд, аҳамияти ҳаётӣ пайдо мекунад. Бино бар ин, Ҳамрохон Зарифӣ аз минбари баланди СММ даъват намуд, ки тамоми монеаҳои сунъӣ ва аз назари иқтисодӣ беасос дар иртибототи нақлиётиву коммуникатсионӣ байни кишварҳои минтақа, ки ба барқарор ва таҳким намудани ҳамкории минтақавӣ мусоидат намекунанд, бардошта шаванд. Вазир изҳори умедворӣ намуд, ки сохторҳои дахлдори СММ, ки дар минтақа қарор доранд, ин масъаларо ба таври бояду шояд мавриди таваҷҷуҳ қарор хоҳанд дод.Омодагӣ ба Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обМаҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2010 бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба эълом доштани соли 2013 чун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об қатънома қабул карда буд. Азбаски ин ташаббуси навбатии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ роҷеъ ба ҳалли мушкилоти об аст, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо истифода аз минбари СММ ёдовар шуд, ки Соли байналмилалӣ бо бистсолагии эълон шудани Рӯзи ҷаҳонии об рост меояд. Ба мақсади татбиқи ҳадафҳои Соли байналмилалӣ, Вазир аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки соли 2013 чанд чорабинӣ, аз ҷумла иҷлоси Маҷмаи Умумӣ ва конфронси байналмилалӣ, ки ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об бахшида хоҳанд шуд, баргузор гарданд. Ў иброз дошт, ки ба ин муносибат, кишвари мо ният дорад, ки ба баррасии Кумитаи дувуми Маҷмаи Умумӣ лоиҳаи қатъномаи дахлдорро пешниҳод намояд. Ҳ. Зарифӣ изҳори умедворӣ намуд, ки ташаббуси мазкурро кишварҳои аъзои СММ фаъолона ҷонибдорӣ хоҳанд кард. Дар бораи Муҳовараи ҳамкории ОсиёДар ҳошияи ҷаласаҳои Маҷмааи Умумии СММ нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокчии Муҳовараи ҳамкории Осиё таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ баргузор гардида, Тоҷикистон Раёсати Муҳовараи мазкурро барои як соли минбаъда ба ўҳда гирифт.Зимни суханронии худ дар ин нишаст Ҳамрохон Зарифӣ ҳозиринро бо мавзўъ ва авлавиятҳои Муҳовара дар давраи раисии Тоҷикистон шинос намуда, даъват ба амал овард, ки ҳамкориҳо дар соҳаҳои зерин тақвият бахшида шаванд:- фақрзудоӣ бо дарназардошти ҳифзи муҳити зист;- таъмини дастрасии мардуми минтақа ба ниёзҳои асосии инсон;- тавсеаи ҳамкорӣ ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо офатҳои табиӣ. Ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои намбурда тавсеаи зерсохтори минтақавӣ, рушди соҳаи энергияи таҷдидшаванда ва таъмини дастрасии аҳолӣ ба омўзишу парвариш зарур арзёбӣ шуданд.Дар ҷараёни нишаст дархости Афғонистон ҷиҳати узвият ба Муҳовара якдилона дастгирӣ ёфт. Бояд зикр намуд, ки масъалагузориҳои Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва зимни нишастҳои дигар, инчунин мулоқотҳои дуҷониба барои таҳкими робитаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, ҳамкорӣ дар ҳошияи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ аз аҳамияти хоса бархўрдор буда, мавқеи Тоҷикистон нисбати муҳимтарин масъалаҳои байналмилалӣ, бавижа ҳалли қазияи Афғонистон ва иштироки он дар татбиқи барномаву лоиҳаҳои инфрасохтории минтақавӣ мавриди дастгирӣ қарор гирифт.