Рушди ҳамкориҳо бо давлати Қатар

Октябрь 19, 2012 10:26

Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Рӯзи гузашта дар «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе аъзоёни ҳайати Комиссияи муштараки байнидавлатии Қатар бо ҳамтоёни тоҷики худ аввалин ҷаласаи корро таҳти роҳбарии вазири кишоварзӣ Қ.Қосимов, ки ҳамраиси ҷониби Тоҷикистон аст, баргузор намуданд. Гурӯҳи бонуфузи бистудунафараи ҷониби Қатарро муовини вазири кор ва тиҷорати ин кишвар ҷаноби Султон ибни Рашид ал-Хотир роҳбарӣ намуда, намояндгони вазортау ташкилотҳои давлатӣ ва ширкатҳои бузурги Қатар ба он шомиланд. Зимни баромади худ вазири кишоварзӣ қайд намуд ки нахустин муносибатҳои дипломатии байни давлатҳои мо, ҳанӯз 13 декабри соли 1994 дар ҷараёни вохӯриҳои сарони давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ дар Доха барқарор шуда буданд.Ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар дар моҳи майи с. 2007 ва ташрифи расмии ҷавобии амири Давлати Қатар – Ҷаноби Ҳамад ибн Халиф ал-Тани моҳи августи ҳамон сол ҷиҳати таҳким ва рушди ин робитаҳо такони ҷиддӣ дода, барои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҳар ду кишвар асоси воқеӣ гузошт. Дар ҷараёни ин ташрифҳо, байни давлатҳои мо як қатор ҳуҷҷатҳои шартномавии ҳуқуқӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва техникӣ, дар соҳаи ҷалби сармояи тарафайн, дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ, инчунин як қатор созишномаҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва палатаҳои савдо ва саноати ҳар ду кишвар ба имзо расиданд.Ҷаноби Султон ибни Рашид ал-Хотир аҳамияти ҳамкориҳои судмандро дар соҳаҳои гидроэнергетика, корарди канданиҳои фоиданок, кишоварзӣ ва фарҳангу саёҳӣ аз самтҳои афзалиятнок иброз намуд. Тибқи нақшаи тарафайн натиҷаи кори Комиссияи муширак имрӯз, 19 октябр ҷамбаст гардида, соати 13-00 маросими баимзорасонии «Протоколи ҷамъбасти»-и Комиссияи муштараки иқтисодӣ ва ҳамкории техникии байни Тоҷикистону Қатар дар назар аст.

Октябрь 19, 2012 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд