Шунидан кай бувад монанди дидан?
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Ҳамасола барои фароҳам овардани шароити мусоид барои зоирони тоҷик Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳои заруриро меандешад, то ин ки будубоши ҳоҷиён тадриҷан беҳтар гардад.Ибтидо аз рӯзи аввали омода намудани ҳуҷҷатҳои лозимӣ барои бастани шартномаҳо дар бораи иқомати зоирини тоҷик дар Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара ҳамаи нуктаҳои муҳими будубоши онҳо ба назар гирифта шудааст. Вале, мутаассифона, чун одати пешина нафароне ҳастанд, ки барои моҷароҷӯӣ ва иғвоангезӣ дар байни мардум камари ҳиммат мебанданд. Дар торнамои Агентии хабарии Tojnew http://tojnews.org/node/4546 чунин навишта шудааст: «Тавре ки пештар ОИ TojNews иттилоъ дода буд, як гуруҳи зоирони тоҷик аз шароити меҳмонхонаи «Шуҳадо»-и шаҳри Макка шикоят кардаанд. Бинобар гуфтаи онҳо, барои зоирони тоҷик дар ин меҳмонхона як таҳоратхона барои 40 нафар ҷудо шуда, зоирон аз хӯроки меҳмонхона шикоят кардаанд. Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи корҳои дини Тоҷикистон, ки барои адои ҳаҷҷи фарзӣ ба Макка сафар кардааст, аз шароити номусоиди меҳмонхона шикоят карда, яке аз роҳбаладонро барои ҷавобгӯ набуданаш ба талабот аз вазифа озод кардааст».1.)Аввалан, бояд арз намоем, ки ҷумлаҳои муаллиф ҳарфҳои зидду нақиз доранд. Дар шаҳри Макка зоирини тоҷик дар чунин меҳмонхонае бо номи «Шуҳадо» сукунат надоранд. Баъд аз нашри мақолаи мазкур ситоди «Ҳаҷ – 2012» бори дигар тамоми ҳашт мехмонхонаи шаҳри Маккаро, ки зоирини точик дар онҳо иқомат доранд, дида баромад. Вале чунин далел дарёфт нашуд. Маълум гардид, ки ба ҳар шаш нафар як ҳаммом рост меояд. Барои мисол, дар меҳмонхонаи «Субҳия» 7 ҳаммом барои 43 нафар, дар «Аҳмадия» 7 ҳаммом барои 43 нафар, дар «Баътия» 12 ҳаммом барои 74 нафар ва дар «Андалусия» 7 ҳаммом барои 63 нафар ва ғайра .2.)Дуввум он, ки агар ин ва ё он ҳоҷӣ шикоят кардааст ва агар ин сухан дуруст мебуд, муҳтарам муаллиф возеҳтар мегуфтанд, ки кадом зоир ва ё кадом гуруҳи зоирин? Дигар ин, ки зоирин се вақт хӯроки гарм, бегоҳӣ бо гӯшт, нӯшокӣ ва мевагӣ таъмин мебошанд. Мавзӯи дигар сафари раиси Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои адои ҳаҷи фарзӣ ба шаҳри Маккаи мукаррама мебошад. Боиси таассуф аст, ки муаллиф чаро чунин далелу мисолҳои нодуруст ва ғайри қобили қабулро ба миён мегузорад.3.)Раиси Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои адои ҳаҷи фарзӣ наомадааст, балки барои назорат ва чигунагии шароити онҳо ба Макка сафар кардааст. Шояд муаллиф аз ин матлаб огоҳ набуд. Пас агар муаллифи муҳтарам аз омадани раиси Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов ҳамроҳ бо мудири шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Пиров бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои назорати вазъи ҳоҷиён ва будубоши онҳо дар Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара изҳори бехабарӣ намояд, ин қавл асос нахоҳад дошт, зеро аз рӯзи омадани раиси Кумитаи дин то рӯзи баргаштанаш ба ватан ҳамарӯза масъулини Кумита аз фаъолияти ҳаррӯзаи эшон дар Агентиҳои хабарии www.islamnews.tj , www.khovar.tj . сомонаи Кумитаи дин www.din.tj ва ғайраҳо маводи гуногун нашр менамоянд.4.)Раиси Кумита дар куҷо ва кай аз шароити номусоиди меҳмонхона шикоят кардааст? Саволест, ки ҷавоб мехоҳад. Шахсони ғаразнок ва ё шахси ғаразнок гӯем ҳам хато намекунем, он чи ки барои Шумо ирсол намудаанд, чизе ҷуз буҳтон нест. Раиси Кумитаи корҳои дин дар умум аз фаъолияти роҳбаладон изҳори қаноатмандӣ кард ва он роҳбаладеро, ки аз вазифа озод намуд, далели он буда наметавонад, ки тамоми роҳбаладон аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои худ намебароянд. Ва илова бар ин ҳар як мулоқот ва вохӯрии Раиси Кумитаи корҳои дин сабт шудааст, ки дар ҳолати зарур омадани масъала онро метавон истифода кард. 5.) Шумораи ҳоҷиёни тоҷик имсол 5500 не, балки 6000 нафарро ташкил медиҳад. Бинобар ин аз муаллиф хоҳиш менамоям, ки пеш аз навиштани матлаб каме аз асли мавзӯъ бохабар шавaд.6.) Агар шарту шароити меҳмонхонаҳо ва ё хизматрасониҳои роҳбаладон,табибон ва ё аъзои гуруҳи корӣ ба ҳоҷиён писанд намеомад, аллакай беш аз ҳазор сипоснома ба унвони ситоди ҳаҷ ва ё Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намегардид.