Сохтмони роҳи «Шаҳон – Зиғор» идома дорад
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Сохтмони роҳи мошингарди «Шаҳон – Зиғор» босуръат идома дорад. Баъди ба маҳалли сохтмон овардани таҷҳизоти нав ва техникаи махсус корҳо мувофиқи ҷадвал иҷро мешаванд.Тавре ки аз Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди «Шаҳон – Зиғор» — и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, техникаи нави махсус имкон дод, ки суръати корҳои сохтмонӣ тезонида ва сифати он беҳтар карда шавад. Ҳоло дар сохтмони роҳи мошингард 57 техникаи гуногун мавриди истифода қарор дорад.Ширкати «SOBEN» — и Эрон пудратчии асосии роҳи мошингард мебошад. Лоиҳаи мазкур бо маблағҳои Бонки исломии рушд ва Ҳукумати Тоҷикистон дар амал татбиқ мегардад. Масофаи умумии роҳ 34 километрро ташкил медиҳад.Ба гуфтаи намояндаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иншооти мазкур бояд дар даҳаи чоруми соли 2013 ба истифода дода шавад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






