Солгарди Конститутсия (Сарқонун)-и ҶТ
Душанбе, 16 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-6-уми ноябри соли ҷорӣ ба қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 сол пур мешавад. Ба ин муносибат хабарнигори АМИТ «Ховар» Лаззат Диловарзод бо муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Рустам Мирзоев мусоҳибаеро анҷом дод.- Муҳтарам Рустам Мирзоев, дар асоси Конститутсия (Сарқонун)-и ҶТ халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардидааст. Нуқтаи назари Шумо дар ин бора.- Бале, 6-уми ноябри соли ҷорӣ мардуми Тоҷикистон 18-умин солгарди Конститутсия (Сарқонун)-и давлати соҳибистиқлоламонро ҷашн мегиранд, ки тибқи он халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардидааст.Раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ эътироф шудааст ва бо назардошти ин далел, халқи Тоҷикистон сарнавишти худро 6-уми ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тибқи муқаррароти ин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиро мушаххас гардонид. Конститутсия (Сарқонун)-и кишвар аз 10 боб ва 100 модда иборат аст. Сарқонун воқеан ҳам санади асосиест, ки ҳуқуқи уҳдадориҳои тамоми халқу миллатҳои дар сарзамини Тоҷикистон иқомат доштаро дар худ таҷассум намудааст.Бешубҳа, саодату хушбахтии ҳар халқ ба дурустии матни Сарқонун ва татбиқи он вобаста аст.Конститутсия (Сарқонун)-и Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Сарқонун мебошанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Ин аст, ки дар моддаи 10-уми Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Сарқонун ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Сарқонун, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки аз тарафи давлати Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.Конститутсия чун сарчашмаи қонунгузории миллии мо, ҳимояи ҳуқуқи инсонро нисбат ба вайрон кардани ҳуқуқу озодиҳои шахс вобаста ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ки бевосита аз он бармеояд, тавассути Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз як боби алоҳида «Ҷиноятҳо ба муқобили ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд», ки 23 моддаро дар бар мегирад, таъмин мекунад. Масалан бо назардошти моддаи 143-и КҶ ҶТ барои қасдан, бевосита ё бавосита вайрон намудан ё маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳо, ё ин ки бевосита муқаррар намудани бартарии шаҳрвандон вобаста ба ҷинс, нажод, миллат, забон, баромади иҷтимоӣ, мавқеи шахсӣ, амвол ё мансаб, маҳалли истиқомат, муносибат ба дин, ақида, марбут будан ба аҳзоби сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд зарар расонидааст, ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар кардааст.Конститутсия ба ҳамаи халқу миллатҳои сокини ҶТ ҳуқуқи баробар додааст. Касеро барои намояндаи дигар миллат буданаш таҳқир намудан ё ақидаи нафареро барои ба ҳизб ё ташкилоти ҷамъиятие шомил буданаш маҳдуд кардан ва ё бартарӣ додан, мазмуни поймол кардани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандро дорад.Ҳаёт пурарзиштарин неъмат барои инсон аст ва касе ҳаққи аз он маҳрум кардани дигареро надорад. Дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар омадааст: «Ҳуқуқ ба ҳаёт ҳаққи ҷудонопазири ҳар як инсон аст», ки баъдан он тавассути қонунҳо ҳифз карда мешавад.- Аз аввалин тағйироту иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонун)- кишвар чиро ёдовар шудан мехоҳед? -Бори нахуст тағйиру иловаҳо ба Конститутсия 26-уми сентябри соли 1999 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ дар асоси Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ворид гардид.Тавре ки дар боло зикр шуд, аз аввалин тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи ҶТ ворид кардашуда метавон дар қисмати ҳокимияти иҷроия, ки асосан марбут ба салоҳияти Президенти ҶТ буданд, ёдовар шуд, ки салоҳияти Президентро аз 5 ба 7 сол зиёд намуд. Ба Президент ҳаққи мустақилона таъсис ва барҳам додани вазорату идораҳо, кумитаҳои давлатӣ ва ҳаққи мустақилонаи таъину бозхонди намояндагони салоҳиятдори Тоҷикистон (сафирон) ва ғайраҳоро дорад, додааст.- Конститутсия (Сарқонун)-и Тоҷикистон ҳокимияти судиро як рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф кардааст. Мехостам инро шарҳ диҳед._ Бале, баробари қабул гардидани Конститутсия (Сарқонун) дар Тоҷикистон ҳокимияти судӣ (боби 8-уми Конститутсия) рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф шудааст, дар татбиқи амалии адолат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд нақши ҳокимияти судӣ мақоми муайян дорад. Бо мақсади таъмини мустақилияти судҳо 22 –юми июни соли 2003 тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонун) ворид гардид, ки муҳлати ваколати судҳоро аз 5 ба 10 сол ва синни пешниҳод ба вазифаи судягӣ то 65 солагӣ муқаррар гардид.Бо мақсади такмили асосҳои ҳуқуқии ҳокимияти судӣ соли 2007 «Барномаи ислоҳоти судию ҳуқуқӣ» қабул гардид, ки он бешубҳа дар рушду такомул ва тақвияти ин рукни мустақили ҳокимият нақши муҳим дорад. Қабул гардидани як силсила қонунҳо, аз ҷумла кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ, иқтисодӣ, гражданӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Қонун «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба таҳкими ҳокимияти судӣ мусоидат намуд. Қисми зиёди ваколатҳои амрдиҳӣ, доир ба пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла ба ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтан, кофтукови манзил, ҳабси молу мулк, муваққатан аз вазифа дур кардан тибқи Кодекси Мурофиавии ҷиноятӣ аз 1-уми апрели соли 2010 инҷониб ба салоҳияти судҳо вогузор гардидааст. Ташаккур барои чунин як суҳбати пурмуҳтаво.