Суханронии Ҳ. Зарифӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 67-уми Маҷмаи Умумии СММ
СУХАНРОНИИ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 67-уми Маҷмаи Умумии СММ(Ню-Йорк, 29 сентябри 2012)Муҳтарам ҷаноби Раис,Пеш аз ҳама, иҷозат фармоед ҷаноби Вук Еремичро ба муносибати интихоб шудан ба мақоми баланди Раиси Маҷмаи Умумӣ самимона табрик намоям. Бовар дорам, ки таҷрибаи касбии ӯ ба самарбахш баргузор шудани иҷлоси 67-уми Маҷмаи Умумии Созмон мусоидат хоҳад кард.Бо камоли сурур мехостам ба ҷаноби Пан Ги Мун, Дабири кулли СММ шодбош гуфта, ба ӯ барои кӯшишҳои зиёдашон баҳри татбиқ намудани ҳадафҳои олии Созмони Милали Муттаҳид самимона изҳори сипос намоям.Ҷаноби Раис,Ҳодисаҳои охирини олам бори дигар нишон доданд, ки ҳаллу фасли масъалаҳои ҷаҳониву минтақавӣ бе таҳкими нақши марказии СММ дар масъалаҳои байналмилалӣ ва бе таҳкими усули дастҷамъӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ дар асоси риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ имконпазир нест. Бино бар ин, зарурати ислоҳоти оқилонаи Созмон равшан мегардад. Ислоҳоте, ки дар натиҷаи он Созмони Милали Муттаҳид тавонад, ба рӯйдодҳои ҷаҳон зуду шоиста вокуниш кунад ва бо таҳдидҳои сершумори ҷаҳони имрӯз ба таври муассир муқовимат намояд. Кӯшишҳои Созмони Милали Муттаҳид, ки ҳадаф аз онҳо таҳким намудани фаъолияти сулҳпарварона аст, сазовори пуштибонии ҳамаҷониба мебошанд. Дар ин замина, боиси қаноати мост, ки Тоҷикистон дар амалиёти посдори сулҳи СММ иштирок намуда, дар ин соҳа саҳми назаррас гузошта истодааст.Тоҷикистон тарафдори эҳтироми гуногунии фарҳангиву динӣ ва гуфтугӯи байни тамаддунҳо барои таҳкими сулҳу ҳамдигарфаҳмии ҷаҳонӣ мебошад. Ба ин муносибат, мо бисёр нигаронем, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам, бо суистифода аз озодии баён, кӯшишҳои таҳқир намудани динҳо, хусусан дини мубини Ислом, ба мушоҳида мерасанд. Мо ин раванди номатлубро қотеона маҳкум менамоем.Бешубҳа, яке аз дастовардҳои асосии Созмони Милали Муттаҳид эҷод намудани меъёрҳои фарогир оид ба ҳуқуқи инсон мебошад. Ҳуқуқи инсон дар баробари сулҳ, амният ва рушд сутуни Созмони моро ташкил медиҳад. Тоҷикистон, ки ширкаткунандаи паймонҳои асосии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи башар мебошад, барои таъмини ҳимоя ва ташвиқи ҳуқуқи инсон дар кишвар тадбирҳои лозимаро пайваста меандешад. Ба мақсади саҳмгузории бештар ба амалисозии ҳадафҳои олии Шӯрои ҳуқуқи инсон, Ҳукумати Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки номзадии худро ба ин ниҳоди муҳим барои солҳои 2015-2017 пешниҳод кунад. Ба ин муносибат, самимона умедворем, ки кишварҳои аъзои Созмон номзадии кишвари моро дастгирӣ хоҳанд кард.Ҷаноби Раис, Дар назар аст, ки соли 2014 нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон бароянд. Бино бар ин, «мавзӯи Афғонистон» на танҳо барои минтақа, балки тамоми ҷаҳон аҳамияти фавқулъода зиёд пайдо мекунад. Ба назари мо, таъмин намудани сулҳи устувор дар ин кишвар ба рушди иҷтимоиву иқтисодии он вобаста аст. Аз ин рӯ, ёрии байналмилалӣ ба Афғонистон бояд, пеш аз ҳама, ба бозсозии иқтисодӣ, таҳкими бештари соҳаи иҷтимоӣ, эҷоди ҷойҳои нави корӣ ва ғайра равона шавад. Дар ин замина, амалӣ намудани лоиҳаҳои сохтмони роҳҳои оҳан ва мошингард, хатҳои интиқоли барқ, лӯлаҳои газ ва ғайра, ки Афғонистонро бо Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа мепайванданд, аҳамияти зиёд доранд. Баҳори соли ҷорӣ Тоҷикистон мизбонии Конфронси панҷуми ҳамкории минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистонро ба ӯҳда дошт. Дар он Конфронс лоиҳаҳои мушаххаси минтақавӣ дар соҳаҳои гуногун пешниҳод шуда буданд, ки ба барқарор намудани ҳамкории минтақавӣ бо иштироки Афғонистон мусоидат карда метавонанд. Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздик дар бозсозии иқтисодӣ ва барқарорсозии зербинои иҷтимоии Афғонистон фаъолона иштирок менамояд. Ба назари мо, равандҳои ҳамкории минтақавии серсоҳа Афғонистонро низ ба таври пурра бояд фаро гиранд.Ҷаноби Раис, Яке аз соҳаҳои муҳимме, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба он таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намояд, пешгирӣ намудани гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир мебошад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати коҳиш додани истеҳсол, интиқол ва истеъмоли маводди мухаддир бояд якҷоя тадбир андешад, ва кӯшишҳоеро, ки дар сатҳи миллӣ анҷом дода мешаванд, бо Стратегияи байналмилалии назорат бар маводди мухаддир якҷоя намояд. Тоҷикистон стратегияи худро дар соҳаи мубориза бо маводди мухаддир, ки барномаҳои амал ва ҳамкории кӯтоҳу дарозмуддатро дар асоси ду- ва бисёрҷониба дарбар мегирад, таҳия намудааст. Мо инчунин ба тарҳрезии стратегияи нави давлатӣ дар соҳаи мубориза бо маводди мухаддир барои солҳои 2013-2020 шурӯъ намудаем.Ҷаноби Раис, Дар Конвенсияи Оттава аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал омадааст, ки ба истифодаи минаҳои зидди пиёданизом, ки боиси азобу бадбахтиҳои зиёд, кушта ва маҷрӯҳ шудани одамон, асосан афроди ғайринизомии бегуноҳу бедифоъ ва кӯдакон гардида, монеи рушду бозсозии иқтисодӣ мешавад, поён диҳад. Мутаассифона, азобу бадбахтиҳое, ки минаҳои зидди пиёданизом меоранд, домани аҳолии кишвари моро, ки канори сарҳади давлати ҳамсоя зиндагӣ менамояд, низ кашидаанд. Аз ин рӯ, мо хостори иҷрои комил ва муассири санади мазкур дар ҳамкорӣ бо ҳамаи тарафҳои манфиатдор ҳастем. Тоҷикистон тарафдори фаъоли минтақаи холӣ аз мина дар Осиёи Марказӣ мебошад.Ҷаноби Раис, Бешубҳа, соли 2012 дар таърих сабт хоҳад шуд. Имсол кишварҳои ҷаҳон дар Рио-де-Жанейро пас аз бист сол боз ҷамъ омаданд, то роҳҳои муассири расидан ба рушди устуворро муҳокима ва муайян намоянд. Конфронси Рио пойбандии ҷомеаи байналмилалиро ба масири рушди устувор ва бунёд намудани ояндаи аз нигоҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ устувор – «Ояндае, ки мо мехоҳем» таъйид кард. Таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, ки ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ равона шудааст, ҳадафи стратегии Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Зимнан ба истифодаи муассир, оқилона ва сарфаҷӯёнаи захираҳои табиӣ, ки унсури асосии иқтисоди «сабз»-ро ташкил медиҳад, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мегардад. Дастрасӣ ба энергия барои расидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазора нақши калидӣ дорад. Ин, хусусан, барои кишварҳои тараққикунанда ва кӯҳистонӣ масъалаи рӯз аст. Барои кишвари мо низ масъалаи дастрасӣ ба энергия ҷиҳати таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ аҳамияти марказӣ дорад. Вале, бо таассуфи зиёд бояд зикр кард, ки ба сабаби дар минтақаи мо набудани ҳамдигарфаҳмиву ҳамкории лозима ва инкор намудани манфиатҳои қонуниву ҳаётии Тоҷикистон, кишвари мо дар давоми беш аз даҳ соли ахир дар шароити камбуди шадиди нерӯи барқ дар мавсими сармо ба сар мебарад.Ба сабаби надоштани манбаъҳои дигари энергетикӣ, барои Тоҷикистон, ки дорои зарфиятҳои азими нирӯи барқи обӣ мебошад, рушди пайдарпай ва ҳамаҷонибаи ин соҳа ҳаётан зарурӣ аст. Тоҷикистон, мувофиқи санадҳои байналмилалӣ, ҳаққи комил дорад, ки захираҳои табиии худ, аз ҷумла нирӯи барқро ба манфиати мардуми худ истифода барад. Ҳамзамон лозим медонем, аз ин минбари баланд бо тамоми масъулият изҳор намоем, ки Тоҷикистон зимни истифода аз зарфиятҳои гидроэнергетикии худ нияти пайгирӣ намудани танҳо манфиатҳои худ ба зиёни тараферо надорад. Баръакс, мо ҷонибдори самимии ҳамкории мутақобилан судманди минтақавӣ ҳастем. Ҳамкории фаъолонаи Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди арзёбии фанниву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии лоиҳаи нирӯгоҳи барқи обии Роғун, ки барои кишвари мо аҳамияти ҳаётӣ дорад, нишондиҳандаи мавқеи созандаи мост. Бино бар ин, интизор дорем, ки тарафҳои манфиатдор дар минтақа дар робита ба лоиҳаҳои гидроэнергетикии мо аз изҳороту иқдомоти шитобкоронаву носанҷида, ки хилофи созишномаҳои байналмилалӣ буда, бо руҳи дӯстиву ҳамкорӣ ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ созгор нестанд, худдорӣ менамоянд.Ҷаноби Раис, Тоҷикистон ҳамчун кишвари тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ ба сабаби мавқеи ҷуғрофии худ осебпазир аст. Дурии ҷуғрофии кишвари мо ва набудани баромад ба баҳр монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди устувори он мебошад. Дар чунин шароит, бешубҳа, фаъолияти бемамониати роҳҳои нақлиётиву коммуникатсионӣ, ки Тоҷикистонро аз тариқи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҷаҳони хориҷ мепайванданд, аҳамияти ҳаётӣ пайдо мекунад. Бино бар ин, мо даъват менамоем, ки тамоми монеаҳои сунъӣ ва аз назари иқтисодӣ беасос дар иртибототи нақлиётиву коммуникатсионӣ байни кишварҳои минтақа, ки ба барқарор ва таҳким намудани ҳамкории минтақавӣ мусоидат намекунанд, бардошта шаванд. Изҳори умедворӣ менамоем, ки сохторҳои дахлдори СММ, ки дар минтақа қарор доранд, ин масъаларо ба таври бояду шояд мавриди таваҷҷӯҳ қарор хоҳанд дод.Ҷаноби Раис,Дар соли 2013 ҷомеаи байналмилалӣ Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро, ки он ташаббуси Тоҷикистон аст, қайд хоҳад намуд. Зимнан бояд ёдовар шуд, ки Соли байналмилалӣ бо бистсолагии эълон шудани Рӯзи ҷаҳонии об рост меояд. Ба мақсади татбиқи ҳадафҳои Соли байналмилалӣ, Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки соли 2013 чанд чорабинӣ, аз ҷумла иҷлоси Маҷмаи Умумӣ ва конфронси байналмилалӣ, ки ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об бахшида хоҳанд шуд, баргузор гарданд. Ба ин муносибат, кишвари мо ният дорад, ки ба баррасии Кумитаи дувуми Маҷмаи Умумӣ лоиҳаи қатъномаи дахлдорро пешниҳод намояд. Бисёр умедворем, ки ташаббуси мазкурро кишварҳои аъзои СММ фаъолона ҷонибдорӣ хоҳанд кард. Муҳтарам ҷаноби Раис,Тоҷикистон, ки ҷонибдори ҳамкории васею ҳамаҷониба мебошад, бовар дорад, ки танҳо кӯшишҳои дастҷамъонаву ҳамоҳангшуда ва ҳамкории муассири минтақавиву байналмилалӣ метавонанд асоси пирӯзии муштаракро ташкил диҳанд, ҷаҳонро беҳтару амнтар кунанд ва ба зиндагии аҳли олам шоистагиву саодат бахшанд.Ташаккур.