Таҷлили 20-солагии Иҷлосияи таърихӣ дар Вашингтон

Октябрь 19, 2012 10:12

Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Ба истиқболи 20-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Вашингтон ҷамъомади идона доир гардид. Дар чорабинӣ меҳмонон ва кормандони масъули сохторҳои давлатӣ, хусусӣ ва илмию фарҳангии ИМА, сафирон, намояндагони корпуси дипломатӣ ва тоҷикону ҳамватанони бурунмарзии кишварамон ширкат намуданд.Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА Нуриддин Шамсов оид ба аҳамияти таърихии иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, зикр кард, ки 20 сол муқаддам дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба шарофати ин ҳодисаи тақдирсоз асосҳои давлатдории тоҷикон, низоми конститутсионӣ ва раванди демократӣ гузошта шуд, ки минбаъд ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва мусолиҳаи миллӣ, сулҳу субот, ташаккули шуури миллӣ ва боз ҳам мустаҳкам шудани пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон оварда расонд. Ёвари Котиби Давлатии ИМА оид ба умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Роберт Блейк дар нутқи табрикотиаш ҳозиринро аз номи роҳбарияти Департаменти Давлатӣ ба муносибати ҷашн табрик намуд ва аз дастовардҳои муносибатҳои дуҷониба миёни ҳарду кишвар ёдовар шуд.Дар анҷом ба ҳозирин филми мустанад оид ба иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҶТ пешниҳод карда шуд. Сипас меҳмонон ба тамошои гӯшаи фарҳангӣ-фолклорӣ пардохтанд ва бо намунаҳои санъату ҳунарҳои халқии мардуми тоҷик, ки бо саъю кӯшиши сафорат ҷамъоварӣ ва ба намоиш гузошта шуда буд, шинос гардиданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Октябрь 19, 2012 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд