Таҷрибаи Балӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ хоҳад шуд
Душанбе, 2 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Шукурҷон Зуҳуров –раиси Маҷлиси намояндагон зимни мулоқоташ бо Муҳаммад Асрўҳин- сафири Индонезия дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, саҳми ўро ҷиҳати ба марҳилаи нав ворид гардидани робитаҳои ҳасанаи Душанбе ва Ҷакарта дар тўли солҳои охир муҳим арзёбӣ кард. Раиси парлумони Тоҷикистон дипломати индонезиро бинобар анҷом ёфтани ваколати дипломатиаш дар Тоҷикистон 2 октябр ба ҳузур пазируфт. Мусоҳибон дар мулоқот ҳамкориҳои самарабахши Тоҷикистону Индонезияро дар арсаҳои мухталиф – иқтисод, тиҷорат, туризм, кишоварзӣ, фарҳанг, илму маориф баррасӣ намуда, атрофи таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ибрози назар карданд. Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин дар бораи сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Индонезия, ки декабри соли 2010 сурат гирифта буд, сухан гуфта, онро саҳифаи тозае дар таърихи ҳамкориҳои парлумонии ду кишвари дўст маънидод кард. Раиси парлумони Тоҷикистон доир ба идомаи ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи санад ва созишномаҳое, ки зимни сафари Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2003 ба Индонезия байни ду давлат ба имзо расида буданд, ибрози назар намуд ва таъкид кард, ки ҳарду кишвар дар доираи ин санадҳо ҳамкории судмандро роҳандозӣ кардаанд. Ҳамзамон ҳамкориҳои тарафҳо дар бахши туризм матраҳ гардид. Зикр шуд, ки Тоҷикистон ҳам мисли Индонезия дорои табиати зебо ва мавзеъҳои хушобу ҳавост ва тақвияти равобит дар ин бахш ба нафъи ҳар ду кишвар хоҳад буд. Хусусан истифодаи таҷрибаи пешрафтаи бахши туризми ҷазираи Балӣ дар соҳаи туризми Тоҷикистон бамаврид аст.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






