Тадбирҳои судманди Хадамоти муҳоҷират

Октябрь 31, 2012 15:35

Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Мутобиқи Фармони Президенти Федератсияи Русия аз 27 майи соли 2012, “Дар бораи таъминоти ризоияти байни миллатҳо” Ҳукумати Федератсияи Русия дар ҳамбастагӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатии субъектҳои Федератсияи Русия барои таҳия ва ворид намудани тағйирот ба қонунгузории амалкунандаи муҳоҷират ва ташкил намудани заминаи ҳуқуқӣ , аз ҷумла ҷиҳати ҷорӣ намудани имтиҳони ҳатмӣ аз фанни забони русӣ , таърихи Русия, асосҳои қонунгузории Федератсияи Русия барои муҳоҷирони меҳнатӣ бо истиснои мутахассисони баландихтисос тадбирҳо андешида истодааст ва чорабиниҳо доир ба татбиқи фармони мазкур аз соли 2013 амалӣ мегарданд. Бо назардошти ин Хадамоти муҳоҷират дар ҳамбастагӣ бо Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода курсҳои кўтоҳмуддати омўзиши забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ, арабӣ ва ғайраҳо)-ро бо гирифтани сертификат ба роҳ мондааст. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд.

Октябрь 31, 2012 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад