Таъиноти кадрӣ

Октябрь 30, 2012 19:42

Душанбе, 30 октябр (АМИТ «Ховар»).- Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулияти роҳбарӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.Ҳамин тариқ бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Ҳикматов аз вазифаи Раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд озод шуд ва ба ҷои ӯ Мирзоаҳмад Аҳмадзода Иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ноҳия таъин гардид.Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Нозирӣ аз вазифаи Муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Воробев Владимир Василевич аз вазифаи Сармуҳаррири рӯзномаи Народная газета, Ҳайдар Ҷӯраев аз вазифаи Сармуҳаррири рӯзномаи Халқ овози, Абдурашид Хуҷамқулов аз вазифаи Муовини якуми директори телевизиони Сафина ва Шаҳло Насриддинова аз вазифаи Муовини директори телевизиони Сафина, Исроил Носиров аз вазифаи Директори гурӯҳи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ ва Зафар Саидов аз вазифаи Муовини роҳбари минтақаи озоди иқтисодии Суғд озод шуданд.Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин Саид Сиддиқов Муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сироҷиддин Иззатуллоев Сармуҳаррири рӯзномаи Народная газета, Ёқубҷон Абдуманонов Сармуҳаррири рӯзномаи Халқ овози ва Абдукарим Ҳикматов Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии Востокредмет таъин карда шуданд.Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камол Абдураҳимов аз вазифаи Сармуҳаррири рӯзномаи Ҷумҳурият, Ҳуриннисо Ализода аз вазифаи Сармуҳаррири Маҷаллаи Бонувони Тоҷикистон ва Саид Сиддиқов аз вазифаи Мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуданд.Ҳамчунин бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳло Насриддинова Сармуҳаррири Маҷаллаи Бонувони Тоҷикистон, Исроил Носиров Директори гурӯҳи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ, Ҳуринисо Ализода ва Нодир Мирзоев муовинони директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон таъин гардиданд.Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурашид Хуҷамқулов Директори Радиои Тоҷикистон ва Самариддин Гадоев Директори шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон таъин карда шуданд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нафарони ба вазифаҳои нави пурмасъулият таъиншударо табрику таҳният гуфта, онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат ва риояи бечуну чарои талаботи қонунгузории кишвар ҳидоят намуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Октябрь 30, 2012 19:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад