Таносуби ҷиноятҳо дар минтақаҳои ҷумҳурӣ
Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2012 дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ 3133 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 23,6 фоиз кам аст, ки он натиҷаи корҳои тарғиботӣ ташвиқотии кормандони мақомоти марбута миёни аҳолӣ мебошад,-иброз доштанд дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».Ба иттилои манбаъ, дар ин давра ҳодисаҳои ҳуҷуми роҳзанона 52,9 фоиз, порахӯрӣ-46,3, куштори бадқасдона ва сӯиқасд ба куштор-35,5, таҷовуз ба номус ва сӯиқасд ба таҷовуз-29,4, қаллобӣ-12,4 фоиз ва бадқасдона маъюбу маслуқ кардан ба андозаи 5,4 фоиз кам шудааст.Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 2 ҳазору 128 ҷинояти иқтисодӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 1196 ҷиноятро мақомоти прокуратура ва корҳои дохилӣ ба қайд гирифтаанд. Бояд тазаккур дод, ки ҷиноятҳои иқтисодӣ ҳам дар соли ҷорӣ нисбат ба як сол пеш 29,9 фоиз кам шудааст. Дар ин давра ҷинояти аз ҳама камтарин дар ВМКБ (352 ҷиноят) ва аз ҳама зиёд дар шаҳри Душанбе-дар ҷое, ки ҳамаи идораҳои маъмурӣ дар он ҷо қарор дорад, (3849 ҷиноят) ба қайд гирифта шудааст. Як чиз боиси таассуф аст, ки дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ошкор намудани ҷиноятҳо дар 9 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1,4 фоиз кам шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






