Ташрифи Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ба Пойгоҳи низомии 201 Русия
Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба қароргоҳи Пойгоҳи низомии 201 Федератсияи Русия ташриф оварданд.
Аз ҷониби Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин хизматҳои шоёни Пойгоҳи низомии 201 бо Ордени Жуков қадрдонӣ карда шуд.
Сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин роҳбарият ва ҳайати шахсии ин воҳиди низомиро бо мукофоти давлатӣ ва ҳам бо имзо шудани Созишномаи байнидавлатӣ доир ба мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи ҳарбии Русия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, онро омили таҳкими амнияту субот дар минтақа номиданд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки минбаъд ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Русия ба муддати тӯлонӣ ва беш аз пеш густариш хоҳад ёфт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






