Тоҷикистон соҳиби Кодекси шаҳрсозӣ шуд

Октябрь 24, 2012 15:20

Душанбе, 24 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси намояндагон 24 октябр лоиҳаи Кодекси нав –Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баъди баррасии дусоата қабул намуд. Абдувалӣ Комилов-раиси Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ зимни тавзеҳи лоиҳаи Кодекси шаҳрсозӣ гуфт, ки Кодекси мазкур бо мақсади танзими давлатии фаъолияти шаҳрсозӣ ва ба низоми ягонаи таркибан мувофиқшуда даровардани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи сохтмон мутобиқ ба меъёрҳои қонунгузорӣ таҳия гардидааст. Мавсуф зикр кард, ки лоиҳаи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилию иҷтимоии муносибатҳоро дар соҳаи шаҳрсозӣ муқаррар намуда, ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва масъулияти мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии соҳаи шаҳрсозиро муайян ва муносибатҳои ҳуқуқии марбут ба фаъолияти шаҳрсозиро танзим менамояд. Абдувалӣ Комилов таъкид кард, ки меъёрҳои Кодекси мазкур асоси фаъолияти шаҳрсозиро ташкил медиҳад ва риояи онҳо аз тарафи мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмист. Бояд тазаккур дод, ки Кодекси шаҳрсозӣ аз 2 фасл, 14 боб ва 89 модда иборат буда, он бо 25 вазорату идораҳои марбутаи кишвар мувофиқ карда шудааст. Тибқи лоиҳаи Кодекси мазкур фаъолияти шаҳрсозӣ дар Тоҷикистон дар асоси принсипҳои татбиқи фаъолияти шаҳрсозӣ бо риояи меъёр ва қоидаҳои шаҳрсозӣ, таъмини рушди устувори ҳудудҳо дар асоси банақшагирии ҳудуд ва минтақабандии шаҳрсозӣ, амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ бо риояи ҳифзи муҳити зист, амнияти ҳудудҳо, муҳандисию техникӣ, мудофиаи гражданӣ, огоҳонидан зимни ҳолатҳои фавқулодда, ки хусусияти табиӣ ва техногенӣ доранд, андешидани тадбирҳо ҷиҳати муқовимат ва амалҳои террористӣ, санитарию экологӣ роҳандозӣ мешавад. Кодекси мазкур ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар мавриди гирифтани иҷозатнома барои бунёди иншоот имтиёзҳо фароҳам меорад ва 10 намуди ҳуҷҷатнигорӣ ва иҷозатномадиҳиро, ки қаблан монеаҳо эҷод мекарданд, аз байн мебарад. Инчунин Кодекси мазкур баъзе омилҳои ғайриқонунӣ сохтани иншоот, азхудкунии қитъаи замин, хариду фурўши ғайриқонунии замин ва тахриби сохтмонҳои шаҳрвандонро, ки дар асоси иҷозатномаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ бунёд гардидаанд, аз байн мебарад. Ҳамзамон дар Кодекси шаҳрсозӣ омадааст, ки шахсоне, ки қитъаи замин гирифтаанд ва дар он сохтмонашон то 60 % иҷро гардидааст, ҳуқуқ доранд то онро фурўшанд.  Зимни баррасии лоиҳаи Кодекси шаҳрсозии кишвар Шукурҷон Зуҳуров- раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат гуфт, ки лоиҳаи мазкур дар зарфи 7 моҳ дар кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон мавриди муҳокима қарор гирифта, нисбат ба он 250 пешниҳод ироа гардидааст. Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон қабули Кодекси шаҳрсозиро дар таърихи 20 соли мустақилияти Тоҷикистон санади муҳим ва ба манфиати ҷомеа арзёбӣ кард.

Октябрь 24, 2012 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад