Вазири корҳои дохилии ФР дар Душанбе

Октябрь 10, 2012 08:21

Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Шоми дирӯз як ҳайати вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия бо роҳбарии вазири корҳои дохилии ин кишвар Владимир Колоколтсев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гузаронидани мушовараи навбатии муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба Душанбе ташриф овард. Меҳмонони олиқадрро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе вазири корҳои дохилии Ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов пешвоз гирифт.  Мушовараи муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия кори худро имрӯз 10 октябр оғоз хоҳад кард, ки дар он масъалаҳои ҳамкориҳои муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар мубориза бар зидди экстремизм, ошкор намудан ва пешгирии фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккил ва иттиҳодияҳое, ки робитаҳои фаромиллӣ доранд, мавриди муҳокима қарор мегирад. Ҳамзамон дар ҷараёни ҷаласа дурнамои ҳамкориҳои муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия барои соли 2013 баррасӣ мегардад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ Маҳмадулло Асадуллоев иттилоъ дод.

Октябрь 10, 2012 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд