10 тӯби «Истиқлол»
Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар» ). – 22 ноябр дар мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ се вохӯрӣ баргузор шуд. Дастаи «Истиқлол» — и шаҳри Душанбе дар майдони худ бо ҳисоби 10:0 бар дастаи «Хуҷанд» — ро мағлуб сохт. Дастаи «Регар – ТадАз» бо ҳисоби 2:0 бар дастаи СКА ғолиб омад. Вохӯрии байни дастаҳои «Истаравшан» ва «Парвоз» бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи варзишгарони шаҳри Хуҷанд анҷом ёфт. Алҳол дастаи «Регар – ТадАЗ» бо 61 хол дар ҷои аввали ҷадвали мусобиқа қарор дорад.Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.