Қабули Буҷаи кишвар барои соли 2013 аз сўи парлумон
Душанбе, 14 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҳаҷми Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013 12, 1 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шуда, нисбат ба соли 2012 1,9 миллиард сомонӣ зиёд аст. Дар робита ба ин 14 ноябри соли равон вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи навбатӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013»-ро баррасӣ ва қабул намуданд. Бояд тазаккур дод, ки дар баррасӣ ва қабули ин санади муҳими молиявии кишвар, ки муддати беш аз ду соат идома ёфт, аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои кишвар ширкат доштанд. Сафаралӣ Наҷмиддинов- вазири молияи ҷумҳурӣ дар назди вакилони парлумон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013»-ро шарҳ дода гуфт, ки буҷаи кишвар барои соли 2013 ҷиҳати татбиқи се ҳадафи асосӣ ва стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон –раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, ноил гаштан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар нигаронида шудааст. Дар соли 2013 хусусияти иҷтимоии буҷаи давлатии кишвар баланд бардошта шуда, 6, 4 миллиард сомонии он ба бахши ҳифзи иҷтимоии ҷомеа –соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона гардидааст. Зикр гардид, ки хароҷоти Буҷаи давлатӣ барои соли 2013 дар доираи нишондиҳандаҳои даромад бо назардошти касри буҷа 0, 5 % муайян шудааст ва он пеш аз ҳама бо мақсади маблағгузории фаъолияти стратегии кишвар, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, нигоҳдории мақомоти ҳокимият, идораи давлат ва дигар барномаҳои муҳими давлатӣ равона гардидааст. Ҳаҷми хароҷоти буҷаи давлатӣ барои соли 2013 12, 3 миллиард сомонӣ ё 29, 1 % маҷмўи маҳсулоти дохилӣ баробар гардида, нисбат ба соли ҷорӣ 1,9 миллиард сомонӣ афзоиш меёбад. Даромади ҷории буҷаи давлатӣ 9, 5 миллиард сомонӣ бо афзоиши 21, 3% ҷамъ оварда шуда, таносуби маҷмўи маҳсулоти дохилӣ 28, 6% -ро ташкил медиҳад. Даромади буҷаи кишвар барои соли 2013 9, 5 миллиард сомонӣ бо афзоиши 21,3 ё ки 1, 6 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки он ба 22, 5 % -и маҷмўи маҳсулоти дохилӣ баробар гардида , нисбат ба соли равон 0,7 % зиёд аст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






