Қарзи бебозгашти Бонки ҷаҳонӣ

Ноябрь 30, 2012 16:01

Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Шӯрои директорони Бонки ҷаҳонӣ қарзи бебозгаштро ба маблағи 45 миллиону 900 ҳазор доллар барои татбиқи лоиҳаи дуюми таъмини шуғли аҳли ҷамъият ба манзури рушди устувори кишоварзӣ ва истифодаи захираҳои оби Тоҷикистон тасдиқ намуд.Назар ба хабари расмии Бонки ҷаҳонӣ, беш аз 770 ҳазор нафар сокинони 12 ноҳияи вилояти Хатлони Тоҷикистон аз афзалиятҳои истифодаи муваққатии ҷойҳои корӣ ва таҷдиди инфрасохтори обёрию заҳбурсозӣ бархӯрдоранд. Лоиҳаи нав аз ҳисоби қарзҳои бебозгашти Иттиҳодияи байналмилалии рушд ба маблағи 18 миллион доллари ИМА ва қарзи бебозгашти барномаи ҷаҳонии кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ ба маблағи 27 миллиону 900 ҳазор сомонӣ таъмин мегардад. Мақсад аз лоиҳаи мазкур расонидани кӯмаки мустақим ба 22 ҳазор нафар сокинон бо усули ташкили ҷойҳои муваққатии кор мебошад. Барқарор намудани инфрасохтори обёрӣ имкон медиҳад, ки обёрии 190 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида шавад. Ин тадбир ба рӯзгори 750 ҳазор нафар сокинони деҳот таъсири мусбат мерасонад.

Ноябрь 30, 2012 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад