«Ҳаҷ-2012» анҷом ёфт

Ноябрь 19, 2012 15:26

Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Саидэҳсон Солиев).- Мутобиқи барномаи «Ҳаҷ-2012», дирӯз соати 21 00, дар хатсайри Ҷидда-Душанбе ҳавопаймои Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» охирин гуруҳи ҳоҷиёнро ба Душанбе овард.  Муҳаммадюсуф Шодиев, котиби матбуотии «Ффурудгоҳи байналмилалии Душанбе» бо таъйиди ин хабар гуфт: «Дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» расмиёти ҳуҷҷатҳои бозгашти ҳоҷиён аз ҷониби мақомоти марбута дар кӯтоҳтарин муҳлат анҷом ёфта, гирифтани бағоҷ ва бурунравӣ аз ҳудуди фурудгоҳ низ мутобиқи вақти муайяншуда сурат гирифт . Ёдрас мешавем, ки бозгашти ҳоҷиён якуми ноябр шурӯъ гардида, парвози аввалро ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо 182 нафар ҳоҷӣ анҷом дода буд. Дар маҷмўъ барои интиқоли зоирин ба ҳаҷ ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» иштироки фаъол доштанд. Бояд гуфт, ки аз рўи барномаи «Ҳаҷ -2012» сафари зоирин ба ҳаҷ аз 29 сентябр оғоз гардида, то 19 октябр идома дошт. Бозгашт аз 01.11.2012 шуруъ гардида, дар таърихи 18.11.2012 анҷом ёфт. Дар ин муддат «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба зиёда аз 5000 нафар ҳоҷӣ бо 53 хатсайр хизмат расонида шуд,- гуфт Муҳаммадюсуф Шодиев ба хабарнигори «Ховар».

Ноябрь 19, 2012 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад