Ҳамкории Тоҷикистону Белгия густариш меёбад
Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 21 ноябр муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лариса Кислякова ва роҳбари намояндагии тиҷоратию иқтисодии Шоҳигарии Белгия Лайло Алиева масоили рушди имконпазири ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодии миёни Тоҷикистону Белгияро мавриди муҳокима қарор доданд.Назар ба хабари маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноат, дар ҷараёни мулоқот масоили рушди низоми бонкии Тоҷикистон, ба Созмони умумиҷаҳонии тиҷорат ворид шудани кишвар ва ҷалби сармояҳои хориҷӣ баррасӣ шуданд. Лариса Кислякова пешниҳод намуд, ки барои аз вазъи соҳибкории Белгия бештар воқиф шудани соҳибкорони тоҷик семинари аҳли тиҷорат доир карда шавад.Мувофиқи суханони Лайло Алиева, дар Белгия асосан тиҷорати хурду миёна рушд ёфта, дар робита бо ин, аҳли тиҷорати кишвар ба роҳандозии ҳамкорӣ бо Тоҷикистон манфиатдор аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






