50 нафар барои омӯзиш ба Корея мераванд

Ноябрь 7, 2012 16:57

Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). –Зимни нишаст Сардори Хадамоти муҳоҷират С. Девонаев ва сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе Ён Ҷон-Ку масъали созишномаи байниҳукуматиро «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» баррасӣ намуданд. Инчунин ҷониби Корея қайд намуд, ки Вазорати кори Кореяи Ҷанубӣ масъалаи имзои созишномаро ҷонибдорӣ менамояд. Вай ҳамчунин ҷониби Тоҷикистонро барои баррасии созишнома ва дигар масъалаҳо ба шаҳри Сеул даъват намуд. Сафир афзуд, ки дар айни замон Кореяи Ҷанубӣ ҳудуди 1500 нафар шаҳрванди Тоҷикистон истиқомат мекунад.Сафиалло Девонаев изҳор дошт, ки 50-100 нафар шаҳрванди Тоҷикистон барои омӯзиш ба корхонаи истеҳсоли микроавтобусҳои «Ҳюндай-Старекс» ба Корея фиристода мешавад.

Ноябрь 7, 2012 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад