Арҷгузории Рӯзи парчами миллӣ
Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода ). – 22 ноябр дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба ифтихори Рӯзи парчами миллии кишвар маҷлиси ботантана баргузор гардид, ки дар он ноиби президент, раиси шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ К.Олимов, номзади илми таърих М.Холов, номзади илми ҳуқуқшиносӣ А.Неъматов ширкат доштанд. Дар маҷлис ду маърӯза дар мавзӯъҳои «Аз таърихи парчами Тоҷикистон» ва «Парчам – рамзи ҳастии миллат» ироа шуд.Парчами нави давлатии Тоҷикистони мустақил 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи Шӯрои Олӣ тасдиқ гардида буд.Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ба туфайли парчам бори нахуст дар Китоби рекордҳои Гиннес сабт гардид. 9 сентябри соли 2011 дар маросими ботантана бахшида ба 20 – солагии истиқлолияти Тоҷикистон парчами давлатии кишвар ба пояи 165 — метра афрохта шуд, ки дар ҷаҳон балантарин аст.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






