Аз раҳи рост бароӣ, ба куҷо мерасӣ?…
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Музаффари Рустам)- Тибқи иттилои масъули шуъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати Бозрасии Давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ ду садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки ба асари он се нафар ба ҳалокат расида, се нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардиданд. Дирӯз соати 16:10 дар ноҳияи Рӯдакӣ ронандаи мошини тамғаи «Mercedes Benz» Олимҷон Баёзов ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҳисор ба самти шаҳри Душанбе дар деҳаи Зафари ҷамоати Чоряккорон бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба самти муқобили роҳ баромада, ба мошини тамғаи «Деу сиело», таҳти идораи ронанда Хайём Мӯсоев, ки аз шаҳри Душанбе ба ҷониби ноҳияи Ҳисор ҳаракат мекард, бархӯрда, сипас ба дигар мошин, ки зери идораи ронанда Завқибек Ҷамолов қарор дошт, бармехӯрад, ки дар натиҷа ронандаи мошини тамғаи «Дэу Сиело» Хайём Мӯсоев ва мусофирони дохили мошини номбурда Оймаҳмад Баротов ва Шариф Азизов дар беморхона ба ҳалокат мерасанд ва мусофири дигари ҳамин мошин Амрулло Файзуллоев ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мегардад.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






