Барномаи СММ бо Комиссияи экологии МН ҳамкорӣ карданист
Душанбе, 30 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаи тақвияти ҳамкориҳои Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Барномаи «Фақр ва муҳити зист» — и Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ дар Душанбе зимни мулоқоти раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Рустам Латипов бо намояндагони Барномаи Рушди СММ — директори Барномаи «Фақр ва муҳити зист» Изабелл Кемпф матраҳ гардид.Раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон дар бораи нақши вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат дар фароҳам овардани фазои қонунӣ ҷиҳати мусоидати мустақим ба ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист маълумот дода, таъкид кард, ки дар ин замина парлумони Тоҷикистон қонунҳои алоҳида қабул намуда, вобаста ба талаботи рўзмарра ба як қатор қонунҳои кишвар тағйироту иловаҳо ворид намуд. Мусоҳибон ҳамзамон доир ба нақши парлумони Тоҷикистон дар мавриди тоза нигоҳ доштани муҳити зист, роҳҳои баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, баргузор намудани нишасту ҳамоишҳои минтақавию байналмилалӣ бо иштироки мутахассисон ва коршиносони кишварҳои минтақа вобаста ба ҳифзи муҳити зист табодули назар карданд.Аз ҷониби Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои комиссияи мазкур бо Барномаи «Фақр ва муҳити зист» — и СММ ҷалби аъзо ва коршиносони Комиссияи экологӣ дар таҳия ва арзёбии Барномаи рушди ноҳияҳо аз нуқтаи назари таъмини суботи экологӣ, ворид намудани масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист дар барномаи рушди ноҳияҳо, нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳими экологӣ, тақвияти сайти экологии Маҷлиси намояндагон ироа гардид. Мудири Барномаи «Фақр ва муҳити зист» Изабелл Кемпф аз нақши парлумони Тоҷикистон, хусусан Комиссияи экологии он дар мавриди муҳайё сохтани шароит ҷиҳати масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки Барномаи «Фақр ва муҳити зист» омодаи ҳамкорӣ бо Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон аст Бояд зикр кард, ки барномаи мазкур дар 30 кишвари ҷаҳон татбиқ мегардад.