Барои сохтани нерӯгоҳҳо аз таҷрибаи Шветсария истифода мешавад?
Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим)- Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Шӯрои палатаи болоии Парлумони Шветсария Ханс Алтер масоили ҳамкории мутақобилаи Тоҷикистону Шветсария мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ба гуфти Ханс Алтер дар ин мулоқот бештар ба масоили ҳамкориҳои иқтисодии байни ду кишвар ва инчунин роҷеъ ба муколамаҳое, ки фарогири мавзуоти ҳуқуқӣ ҳастанд, таваҷҷӯҳ зоҳир гардидааст. Тибқи иловаи номбурда чун Тоҷикистон кишвари дорои захираҳои фаровони табиӣ маҳсуб меёбад, аз ин рӯ метавон ҷиҳати коркарди ин захираҳо дар дохили мамлакат ҳамкориҳои ба ҳар ду ҷониб судмандро ба роҳ монд. «Мо метавонем ҷиҳати дастрас намудани технология ва таҷҳизот дар самти коркарди алюминий ва истеҳсоли барқ ба Тоҷикистон мусоидат намоем»- иброз дошт Ханс Алтер. Гуфта шуд, чун Шветсария дар самти бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ дорои таҷрибаи бузург аст, аз ин лиҳоз мубодилаи таҷрибаи мутахассисони ду кишвар дар ин соҳаи ҳаётан муҳим низ ба манфиати кор дониста шуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






