Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Ноябрь 14, 2012 17:36

Таркиши шадид дар Афғонистон Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар вилояти Кунари Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар натиҷаи таркиши сахт 3 нафар ба ҳалокат расида, чанд каси дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Мувофиқи торномаи «Hamshari News» омилони ҳодиса таҷҳизоти таркандаро тавассути дастгоҳи идоракунандаи фосилавӣ ба кор даровардаанд. Боиси қайд аст,ки ҳодисаи мазкур соати 8-и саҳар дар назди хонаи истиқоматии яке аз мансабдорони кишвар рух додааст. Гуфта мешавад, ки ҳалокшудагон ҳама аъзои як оила буда, ба кор мерафтаанд. Аз ҷониби кӣ ва бо кадом мақсад содир шудани амали террористӣ то ҳол маълум нест.Муҳосираи гуруҳи ҷиноятпеша дар Федератсия Русия Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи расонаи хабарии «Russian to Day» моҳи равон дар Ҷумҳурии Ингушистони Федератсия Русия кормандони Хадамоти таъиноти махсус ва ситоди зудамали Вазорати корҳои дохилӣ баъди гирифтани маълумоти фаврӣ маҳалли будубоши як гуруҳи муташаккили ҷиноятпешаро муҳосира карданд. Гуфта мешавад, ки ҷинояткорон дар як манзили истиқоматӣ паноҳ мебурдаанд ва онҳо талаби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқукро дар хусуси таслим шудан рад намудаанд. Дар натиҷаи тирандозии мутақобила 4 корманди таъиноти махсус ба ҳалокат расида, 2 каси дигар захмӣ шудаанд. Пастравии арзиши нафт дар биржаи ҷаҳонӣ Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Арзиши нафт дар биржаҳои молу ашёи ҷаҳон рўзҳои охир тамоюли пастравӣ касб намуд. Мувофиқи шабакаи телевизиони «Алҷазира» дар бозорҳои гуногуни ҷаҳон арзиши нафти навъи «Лайт-свит» чанд муддат ба андозаи 3 доллару 75 дарсад коҳиш ёфтааст. Тибқи маълумот нархи он зимни тиҷорати минбаъда то 10-20 сент барқарор шудааст. Дар ҳамин ҳол коршиносони соҳа вақтҳои наздиктарин кам шудани талабот ба нафт ва маводи сўзишвориро дар Аврупову Ҷумҳурии Мардумии Чин пешгўӣ мекунанд. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Ноябрь 14, 2012 17:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад