Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Ноябрь 23, 2012 17:18

Харидории саҳмияҳои ширкати «Вюрҷенс»-и Австралия  Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Ширкати «Эйрлайнс»-и Сингапур 10 дарсади саҳмияҳои ширкати ҳавопаймоии мусофиркашонии «Вюрҷенс»-и Австралияро бо маблағи 180 миллион доллар харид. Ба гуфти сардори ширкати мазкур онҳо натиҷаи фаъолияти худро дар оянда ҷонноктар намуда, дар минтақа мусофиркашониро назар ба ширкати Кантаси Австралия беҳтар мегардонанд. Коршиносони соҳа низ бар он ақидаанд, ки дар Осиё рақобат дар бозори хизматрасонии мусофиркашонӣ аз тариқи нақлиёти ҳавоӣ торафт бештар мегардад. Сохтмони нерўгоҳҳои бодӣ дар шоҳигарии Британияи Кабир Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи маълумоти расонаи хабарии Hamshari News com. вазири энергетикаи давлати шоҳигарии Британияи Кабир Ҷон Хейс зимни мусоҳиба бо хабарнигори рўзномаи «Дейли мел» иброз доштааст, ки дар оянда дар мамлакат сохтмони нерўгоҳҳои бодиро афзоиш медиҳад. Ҳукуматдорон яке аз сабабҳои пешравии давлатро дар сохтани чунин нерўгоҳҳо шарҳ медиҳанд. Вале ба ақидаи коршиносони соҳаи тиб чунин нерўгоҳҳои бодӣ гардиши табиии ҳаворо вайрон мекунанд, ки он ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонад. Ва ба ақидаи мутахассисони соҳаи энергетикӣ бунёди нерўгоҳҳои бодӣ дар баҳр ва мавзеъҳои наздисоҳилӣ ба манфиати кор хоҳад буд. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Ноябрь 23, 2012 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад