Cуҳбати хонандагон бо кормандони Агентӣ
Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар» Ибодат Давлатова).- Бештар аз 60 нафар хонандагону омӯзгорони мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 7 –и шаҳри Душанбе шоҳиди як суҳбати мутахассисон дар мавриди маводи мухаддир, оқибатҳои ҳалокатбори истеъмоли мухаддирот ва ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор шуданд.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ иттилоъ доданд, дар мулоқоти кормандони Агентӣ асосан хонандагони синфҳои болоӣ ширкат доштанд. Ба иштирокдорони он оид ба тарбияи ҷавонон ва насли наврас, пешгирии нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ, бемориҳои сироятӣ, аз қабили ВНМО\БПНМ, ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, даст задани ҷавонон ба ҳар гуна амалҳои номатлуб суҳбат баргузор гардид. Инчунин устодони мактаб дар вохӯрӣ фикру мулоҳизаҳои худро низ иброз намуда, тасмим гирифтанд, ки дар оянда дар байни тамоми мактаббачагон чунин вохӯриҳо мунтазам гузаронида шаванд. Дар ҷамъбаст ба ҳамаи иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






