Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ояндаи неки Ватанам бовар дорам»

Ноябрь 15, 2012 21:21

Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим, Дилшодаи Хайруллоҳ)- Ҳарчанд Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро ба даст оварда бошад ҳам, аммо истиқлолият аз душвориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ орӣ набуд. Мисоли ин, дар ҳудуди мамлакат сар задани ҷанги дохилии шаҳрвандӣ буда метавонад, ки бар асари он аҳолӣ ба бӯҳрони шадиди сиёсиву иҷтимоӣ гирифтор шуда, хатари воқеии аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ба миён омад.   Аз ин рӯ, аҳли зиё, аз ҷумла вакилон ягона омили раҳоӣ бахшидани миллат аз ин вартаи ҳалокатро аз баргузор намудани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии кишвар ва интихоби Раиси Шӯрои Олӣ медонистанд. 16-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд ва бо ҷонибдории аксари кулли вакилон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид. Қобили қайд аст, ки дар он айёми пурдаҳшат ҳарчанд мардуми кишвар ташнаи сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ буданд, таҳмилгарони ҷанги шаҳрвандӣ аз хориҷ ва дохили кишвар аз нақшаҳои ғаразноки худ даст намекашиданд. Аз ин лиҳоз, Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 12 декабри соли 1992 дар муроҷиатномае гуфта буд, ки «тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…» Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии кишвар интихоб шуданаш ҳамчун сиёсатмадори ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба Ватан баргардонидани фирориёнеро, ки аз сабаби кашмакашиҳои дохилӣ сазовори номи нанговари «гуреза» гардида, дар хоки Афғонистони ҳамсоя сукунат доштанд, вазифаи ҷонии худ унвон намуд ва дар кӯтоҳтарин фурсат тақрибан як миллион гурезаро дар сарзамини аҷдодиашон Тоҷикистон сарҷамъ овард. Ҳанӯз 1-уми июни соли 1993 Эмомалӣ Раҳмон дар як муроҷиатномаи радиоии худ бо таваҷҷӯҳ ба фирориён гуфта буд: «Ба Ватан баргардед. Аммо мо ба Шумо кӯҳи тилло ваъда намекунем. Ҳамин қадар мегӯем, ки як бурида ноне, ки дорем, якҷоя мехӯрем, як қатра обе, ки дорем, якҷоя менӯшем. Паҳлӯи ҳамдигар истода, Ватани вайроншудаамонро обод мекунем, иқтисоди харобгаштаамонро барқарор менамоем. Ватан бе Шумо холист, аммо донед, ки Шумо ҳам бе Ватан пурра нестед… Халқи азизам, падару модарон, хоҳару бародарон ва фарзандон! Шуморо хонаатон, заминатон, боғатон, мактабатон интизор аст, Шумо тоҷику тоҷикистониед, Тоҷикистон шуморо интизор аст». Бо ибтикор ва азму талоши бунёдкоронаи Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон дар баробари ба Ватан баргардонидани гурезагон, садҳо ҳазор манзили вайрону валангор, мактабу биноҳои маъмурӣ, роҳу пулҳо ва иншооти дигари харобгардида, ки дар маҷмӯъ даҳ миллиард доллари амрикоиро ташкил мекард, таъмир ва навсозӣ гардид. Ҷои зикр аст, ки дар самти расидан ба ваҳдату якпорчагӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандон ҷон бохтанд, ки ин гаронтарин хисороти ҷанги дохилии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар натиҷаи татбиқи муваффақонаи як зумра қарорҳое, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии кишвар қабул гардида буданд, заминаи мусоиди ваҳдатсозе ба миён омад, таҳкурсии бинои Ваҳдати миллӣ дар кишвар гузошта шуд ва 27-уми июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин сана саҳфаи наверо дар рушди бесобиқаи мамлакат ва таҳкими сулҳу субот дар он боз намуд. Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу ваҳдатро ҳамчун падидаи ҳуқуқиву сиёсӣ ва воқеияти ҷамъиятӣ ба даст овард ва ҷиҳати таҳкими минбаъдаи он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пайваста кор бурда мешавад.

Ноябрь 15, 2012 21:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол дар телевизионҳои Тоҷикистон 39 лоиҳа ва барномаҳои нав намоиш дода шуданд
Ҳифзи Ватанро аз фазилатҳои Пешвои миллат бояд омӯхт!
22 июл дар Кумитаи рушди маҳал, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ва Саридораи геология нишасти матбуотӣ доир мегардад
Даври ниҳоӣ дар баландӣ. Дар Бадахшон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Соҳибкорону сокинон дар корҳои ободонии ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи беш аз 21 миллион сомонӣ саҳм гузоштаанд
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Гурӯҳи корӣ бо истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ дар Деҳободи ноҳияи Шаҳринав шинос шуд
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар 7 ҳазору 336 сохтори давлатӣ ва коргоҳу корхонаҳо ташкилоти ибтидоӣ дорад
Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон лоиҳаи «Низоми ягонаи суғуртаи электронӣ» таҳия карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст