Эмомалӣ Раҳмон: «Замин бояд одилона тақсим шавад!»

Ноябрь 30, 2012 15:59

Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-«Баъзе шахсони мансабдори шаҳру ноҳияҳо бо мақсади пинҳон намудани кирдорҳои ношоистаи худ ҷиҳати ба оилаҳои эҳтиёҷманд ҷудо кардани қитъаи замин ба Ҳукумати Тоҷикистон дидаву дониста, баъзан қитъаҳоеро интихоб ва пешниҳод кардаанд, ки дар он ҷойҳо аллакай шаҳрвандон хонаҳои истиқоматӣ бунёд намуда, зиндагӣ мекунанд. Баъзе раисони шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳот ба ҷои пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳои дар ҳудуди зери назораташон ҷойдошта худашон аз ваколатҳои мансабӣ берун баромада, бо қабули қарорҳои ғайриқонунӣ худсарона ба шаҳрвандон замин ҷудо кардаанд.Вобаста ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки ҳар як ваҷаб замини корам бояд ҳамчун омили таъминкунандаи амнияти озуқавории кишвар ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ истифода бурда шавад»,- ин нуктаро имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба ифтитоҳи бинои нави Кумитаи заминсозӣ ва геодезӣ иброз дошт. Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз ҳам зимни тақсимоти қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, бинобар беназоратии масъулони комиссияҳои ҷамъиятӣ баъзе аз шаҳрвандон бо қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо ғайриқонунӣ ба рӯйхати эҳтиёҷмандон дохил шуда, ба онҳо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудаанд. Бо назардошти ин, Сарвари давлат Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, инчунин комиссияҳои ҷамъиятиро вазифадор намуд, то ҷиҳати пешгирии чунин амалҳои номатлуб ва тақсими одилонаи замин ба шахсони воқеан эҳтиёҷманд тадбирҳои иловагӣ андешанд.Президенти мамлакат аз тамоюли хариду фурӯш ва тасарруфи майдонҳои зиёди заминҳои обӣ ва боғҳо аз ҷониби шаҳрвандон шадидан нигаронӣ намуда, дар ҳамин замина таъкид дошт, ки амалҳои ғайриқонунии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, кормандони сохторҳои маҳаллии Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ дар самти тақсимоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ омили асосии афзоиши коррупсия шуда, боиси нигарониву ташвиши аҳолӣ гардидааст. «Аз ин рӯ, ба Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо қатъиян супориш дода мешавад, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар тоза намудани сафи кормандони мақомот аз ашхоси тасодуфӣ ва моил ба кирдорҳои коррупсионӣ тадбирҳои мушаххас андешанд», — таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи набудани назорати дахлдор дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ҳатто гуруҳҳои муташаккиле созмон ёфтаанд, ки бо ҳамкории масъулони соҳа ба тақсим ва хариду фурӯши ғайриқонунии замин машғуланд ва танҳо дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ дар давоми 5 соли охир зиёда аз 190 хоҷагии деҳқонӣ пурра барҳам хӯрда, майдони беш аз 354 гектар ғайриқонунӣ тақсим шудааст. Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон падидаи номатлуби дигаре, ки дар бисёр шаҳру ноҳияҳо доман паҳн кардааст, ин аз тарафи шаҳрвандони алоҳида худсарона ишғол кардани замин мебошад. Гуфта шуд, ки дар давоми солҳои 2009-2011 ва 8 моҳи соли 2012 аз ҷониби мақомоти прокуратура доир ба худсарона ишғол кардани замин 600 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Маврид ба зикр аст, ки ҳоло ҷамъи заминҳои кишвар зиёда аз 14 миллиону 255 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 748 ҳазор гектараш замини обӣ, қариб 100 ҳазор гектараш боғу токзор, 204 ҳазор гектар майдони наздиҳавлигиву заминҳои шахсии шаҳрвандон ва қариб 3,8 миллион гектар чарогоҳу заминҳои алафдарави обӣ мебошанд.

Ноябрь 30, 2012 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз аз нашри нахустин шумораи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» 19 сол сипарӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — ВОСИТАИ МУАССИРИ ЭЪТИРОФ. Барои ҳар шахси озодихоҳ неъмате муқаддастар аз он нест
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бахшида ба Истиқлоли Тоҷикистон ҳамоиши кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ доир шуд
ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд
«МегаФон Life» – доимо дар алоқа, ҳатто вақте ки паёмрасонҳои муқаррарӣ дастнорасанд