Фавти хушунатдидагон ба мирандагони бемории саратон баробар будааст

Ноябрь 27, 2012 09:38

Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», Саидэҳсони Солеҳ).- Дирӯз дар Душанбе маъракаи «16 рӯзи бидуни зӯроварии хонаводагӣ» баргузор гардид. Дар ин ҷаласа, ки бо ташаббуси Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ, Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ва Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, гуфта шуд, ки ҳолатҳои зӯроварии хонаводагӣ миёни оилаҳо дар ҷумҳурӣ кам нестанд.   Моҳира Аҳмадова, раиси маҳаллаи Шодиёнаи пойтахт, ки яке аз ширкаткунандагони ин нишаст буд, ба ин бовар аст, ки бештаре аз хушунатҳои хонаводагӣ дар оилаҳо аз ҷониби мардҳо рӯй медиҳад, зеро мард ҳамеша занро моли шахсияш медонаду ӯро мезанад, таҳқир мекунад, муомилаи хуб намекунад. Ин боис мегардад, ки бархе аз занҳо ин гуна муомиларо таҳаммул карда наметавонанд ва ба худкушӣ даст мезананд. Аммо Маърифат Шокирова, як масъули Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати кишвар мегӯяд: «Тибқи шикоятҳое, ки ба онҳо расидааст, ҳарчанд бештаре аз хушунатҳо аз ҷониби мардон сар мезананд, вале дар баъзе аз ин қазияҳо занон низ бегуноҳ нестанд». Дар ҳамин ҳол Зарина Кенҷаева, равоншиноси маркази «Боварӣ», ки ба масоили хушунати хонаводагӣ сарукор дорад, афзуд: «Барои рафъи ин гуна зуҳурот миёни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидаанд ва кӯшиш доранд барои кам кардани он тадбирҳои муассир андешанд». Гуфта шуд, ки лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ (PDV) аз ҷониби ширкати олмонии GOPA дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ мавриди амал қарор дошта, доир ба беҳбуди сатҳи огаҳии аҳолӣ аз мушкилоти зӯроварии оилавӣ сурат мегирад.Ёдрас мекунем, ки ҳамоиш 25-уми ноябр оғоз гардида, то 10-уми декабр идома меёбад. Дар давоми 16 рӯз дар саросари кишвар чорабиниҳои гуногун ҷараён мегиранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки гуфта шуд дар як сония дар ҷаҳон 1 нафар бар асари хушунати хонаводагӣ ҳалок мешудааст. Ҳатто гуфта мешавад, шумораи касоне, ки аз ҳодисаҳои хушунати хонаводагӣ фавт мекунанд, ба ҳалокати гирифторони бемории саратон баробар будааст.

Ноябрь 27, 2012 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад