Хабарҳо аз Бадахшон

Ноябрь 28, 2012 17:10

Тӯҳфа ба мактабиёнХоруғ, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ дар арафаи ҷашни Рӯзи Парчами миллӣ ба 14 мактаби ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва шаҳри Хоруғ лавозимоти варзиширо тӯҳфа намуд. Тӯҳфаҳоро муовини аввали раиси ВМКБ Исмоил Орифшоев дар ҷамъомади тантанавӣ ба намояндагони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои зикршуда супурд.Тавре ки раиси Қасри ҷавонони вилоят Руслан Шодиков ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, рӯзҳои наздик чунин тӯҳфаҳо ба варзишгарони ноҳияҳои дигари ВМКБ низ тақдим мешаванд. Таҷлили зодрӯзи Меҳрубон НазаровХоруғ, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Дар Театри вилоятии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ 90 – умин солгарди зодрӯзи ходими давлатию ҷамъиятӣ, Арбоби санъати Тоҷикистон Меҳрубон Назаров таҷлил шуд.Профессор Меҳрубон Назаров яке аз шахсиятҳои барҷастае буд, ки дар рушду густариши паҳлӯҳои мухталифи фарҳангу санъати тоҷик саҳми бузург гузоштааст. Роҳи ҳунарии ӯ аз яке аз деҳаҳои кӯчаки Кӯҳистони Бадахшон оғоз ёфта ва то пояи вазири маданияти Тоҷикистон, олими шинохта ва арбоби санъати ҷумҳурӣ расид. Дар ин маҳфил сухан аз хизматҳои шоистаю арзишманди Меҳрубон Назаров рафта ва дар анҷоми он ҳунарпешагони театри вилоятӣ гулдастаи суруду мусиқиро манзури ҳозирон намуданд. Фаъолияти маориф бояд тағйир ёбадХоруғ, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Дар мушовараи Вазорати маориф, ки дар шаҳри Хоруғ баргузор гардид, зикр шуд, ки баробари баъзе дастовардҳои назарраси соҳаи маориф, камбудиҳои зиёде низ ҷой доранд.Таври мисол, дар бисёр ноҳияҳо ҳанӯз ҳам норасоии кадрҳои педагогӣ ва китобҳои дарсӣ ба назар мерасад. Ҳамчунин натиҷагирӣ аз корҳои хаттии толибилмон бори дигар собит намуд, ки сатҳу сифати таълиму тарбия дар бисёр муассисаҳои таълимӣ дар пояи паст қарор дошта ва соҳаи маорифи вилоят ҳанӯз беҳбудиро мехоҳад. Ванҷ чароғон мешавадХоруғ, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Гарчи қисми зиёди шаҳру ноҳияои ВМКБ мавсими тирамоҳу зимистон 24 соат дар як шабонарӯз аз нерӯи барқ таъмин бошанд ҳам, дар қисмати камтари ноҳияҳои он норасоии қувваи барқ ба назар мерасад, ки ноҳияи Ванҷ аз ҷумлаи онҳост. Ба гуфтаи муовини аввали раиси ноҳияи Ванҷ Д. Раҷабова, баробари дар ноҳия фаъолият доштани се нерӯгоҳи барқӣ, дар водии Язгулом бунёди ду нерӯгоҳи нави барқи обӣ низ идома дорад.Таҷҳизоти нерӯгоҳҳои зикршуда аллакай аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас шудааст. Бунёду мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ дар ноҳия ба таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ мусоидат намуда, иқдоми наве дар самти расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар маҳсуб меёбад. Таҷассумгари умеду ормонҳоХоруғ, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Чанде пеш дар толори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ бахшида ба Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ботантана баргузор гардид. Раиси шаҳри Хоруғ Иброҳимбек Ғозибеков ҳозиринро бо ин рӯзи фархунда табрику таҳният гуфта, зикр намуд, ки Парчами миллӣ ҳар фарди бо нангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама ваҳдати миллӣ ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят менамояд.Дар ин маросим хонандагони мактабҳои шаҳри Хоруғ ҳозиронро табрик намуда ва шеърҳои шоирони тоҷикро дар васфи Парчами миллӣ қироат намуданд. Дар анҷоми маҷлис ҳунарпешагони театри вилоятӣ барномаи ҷолиберо пешкаши ҳозирон намуданд.

Ноябрь 28, 2012 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд