Иҷрои барномаи иноватсионӣ
Душанбе, 23 ноябр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки соли ҷорӣ доир ба иҷрои Барномаи иноватсионӣ дар хоҷагии деҳқонии «Диловар»-и ноҳияи Файзобод 13 навъи тухмии зироати чойҷуворӣ ва 24 намунаи боқилои маҳаллӣ кишт гардид. Аз ҳар як гектар намунаи чойҷуворӣ аз ду дарав ба миқдори 850-900 сентнер ҳосили дон ва хӯроки сабз гирифта шуд.Соли ҷорӣ ҳамчунин дар 24 намунаи кишти боқилои маҳаллӣ бештар аз 15-20 дона ғилофакҳои ҳосилдеҳ ба мушоҳида расид, ки ин нишондиҳандаи хуби ҳосилнокӣ аз ин навъи зироат аст.Ба гуфти президенти Академияи илмҳои кишоварзии ҷумҳурӣ Ҳукматулло Аҳмадов, дар ду нуқтаи Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ дар ноҳияҳои Файзобод ва Рӯдакӣ доир ба 44 намунаи ҷавҳои маҳаллӣ ва 77 намунаи ҷавҳои селексионие, ки аз Маркази байналмилалии ИКАРДА дастрас шудааст, таҳқиқоти экологӣ гузаронида шуд ва натиҷаҳои он ба мақсад мувофиқ аст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






