Лоиҳаи БРО амалӣ шуд

Ноябрь 29, 2012 11:50

Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Бонки рушди Осиё (БРО) татбиқи лоиҳаи барқарор намудани системаҳои обёрии Тоҷикистонро анҷом дод. Ин лоиҳа барои афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ ва дастрасии мардуми деҳот ба оби тоза тарҳрезӣ шуда буд. Дар ҳошияи лоиҳаи мазкур дар ноҳияҳои Ашт, Фархор, Панҷ, Рӯшон ва Ваҳдат 7 системаи объёрӣ қисман барқарор намуда, 4 заҳбур поккорӣ шуд.Ба шарофати ин чорабинӣ қариб 32 ҳазор нафар сокинони деҳот бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардиданд. Бонки рушди Осиё барои амалӣ шудани лоиҳаи мазкур ба маблағи 22 миллиону 700 ҳазор доллари ИМА қарз дода, қариб 6 миллион доллари он ҳиссаи Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Ноябрь 29, 2012 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад