Мардуми тоҷик ҷоннисорони ҳифзи суботи ҷомеаро фаромӯш нахоҳад кард

Ноябрь 10, 2012 10:12

Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Субҳи имрӯз дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ботантана ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик баргузор гардид.Нахуст Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ кормандон, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилиро бо иди касбиашон- Рӯзи милитсияи тоҷик табрику таҳният гуфта, таъкид бар он намуд, ки мақомоти милитсия тибқи таъиноти худ ҳамеша вазифаҳои мураккабу муҳими давлатиро дар самти таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими қонуният ба сомон мерасонанд. Мавриди зикр аст, ки дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва пойдории давлати ҷавони Тоҷикистон корманди мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ азму талош ва ҷонбозиҳо намуда, ҳангоми иҷрои вазифа зиёда аз 2000 нафари онҳо ҷони худро аз даст доданд. Зимни суханронии Сарвари давлат тазаккур дода шуд, ки давлату Ҳукумат ва мардуми тоҷик онҳоеро, ки ба хотири ҳифзи амният ва сулҳу суботи ҷомеа ҷони худро нисор кардаанд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард.

Ноябрь 10, 2012 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад