Машқҳои тактикӣ-омодагирии кормандони милитсия дар Хатлон

Ноябрь 7, 2012 09:55

Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар ҳудуди шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон машқҳои тактикӣ-омодагирӣ доир гардид. Ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо сафороии низомӣ машқи тактикиро оғоз намуда, сипас аз рӯи нақшаи ситоди назораткунанда амалиёт шуруъ гардид. Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, гирдиҳамоӣ ва бетартибиҳои оммавии шартӣ ташкил шуда, аз кормандони милитсия-иштирокчиёни машкҳои тактикӣ маҳорати баланди касбӣ, одобу муоширати хосса ва бе зарару талафот ба эътидол овардани вазъи ба амал омадаро талаб мекард. Шартҳои минбаъдаи машқи тактикӣ озод кардани гаравгонҳои шартӣ, ҳифзи иншооти муҳими стратегӣ аз хатари тарконидан, тирпаронии нишонрас бо истифода аз гранатамёт, техникаҳои зиреҳпӯш иборат буд. Машқҳоро вазири корҳои дохилии кишвар генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов, раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзал, сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Анвар Тағоймуродов, сардорони мақомоти қудратии вилоят ва дигар шахсони расмӣ назорат намуда, ба маҳорату таҷриба ва омодагии ҳарбии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон баҳои баланд доданд. Баргузории чунин машқҳои тактикӣ на танҳо муайянкунандаи ҳолати омодагии кормандони милитсия дар ҳолатҳои фавқулода мебошад, балки дар он нафарони ботаҷриба, нишонзанҳо-мерганҳои беҳтарин муаррифӣ мешаванд.Дар охир барои нишон додани маҳорати баланди касбӣ, ҷасорату омодагии ҳайати шахсӣ он нафароне, ки аз худ маҳорати хоссаи касбӣ нишон доданд, бо фармони вазири корҳои дохилӣ пеш аз муҳлат бо рутбаҳои махсуси низомӣ ва медалу нишонҳои соҳавӣ мукофотонада шуданд. Инчунин он шаҳрвандоне, ки барои баргузории машқҳои тактикӣ ба кормандони милитсия мусоидат кардаанд, аз ҷониби вазири корҳои дохилии мамлакат генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ва раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Ноябрь 7, 2012 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад