Мизи мудаввар бахшида ба Иҷлосияи ХV1

Ноябрь 5, 2012 15:08

Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар шаҳри Душанбе бо иштироки муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасаналӣ Карамалиев, доктори илми таърих, профессор Иброҳим Усмон ва ҳайати Палатаи савдо ва саноат мизи мудаввар баргузор гардид. Ин чорабинӣ ба 20 – солагии Иҷлосияи ХV1 таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд.Ҳасаналӣ Карамалиев зимни сарсуханаш зикр намуд, ки Иҷлосияи ХV1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии он дар амри ҳифзи давлатдории миллӣ ва рушди ниҳодҳои демократии Тоҷикистон омилҳои муайянкунанда гардиданд. Таҳлили омилҳои зукршуда нишон медиҳад, ки онҳо меъёрҳои мушаххаси аз бӯҳрони хавфноктарин баромадани кишвар ва бо роҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ пеш рафтани онро дар бар мегиранд. Сипас муаррихи намоёни тоҷик, доктори илми таърих, профессор Иброҳим Усмон дар бораи раванди мураккаби барқароршавии давлат муфассал нақл кард. Мувофиқи суханони ӯ, ин раванди мураккабе буд, ки воқеаҳои фоҷиаоварро аз сар гузаронид. 9 сентябри соли 1991 парлумони кишвар истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро эълон намуд.Имрӯз беш 150 кишвари ҷаҳон Тоҷикистони мустақилро ба расмият шинохтаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон Оинномаи СММ, Аҳдномаи хотимавии Хелсинки, Эъломияи Париж ва созишномаҳои дигари байналмилалиро эътироф намуда, сиёсати дохилию хориҷии худро дар амал татбиқ карда, ҳуқуқҳои инсонро муҳофизат менамояд.

Ноябрь 5, 2012 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад