Муҳоҷирати оилаҳои ҷавон танзим мехоҳад

Ноябрь 29, 2012 16:27

Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Саидэҳсони Солеҳ),- Имрӯз дар конфронси «Нақши ҷавонон дар таҳкими сулҳу субот», ки аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ баргузор шуд, масъалаи нақши ҷавонон дар таҳкими пешрафти кишвар, мушкилоти ҷавонон ва сохторҳои маҳаллии он мавриди мубоҳиса қарор гирифт. Дар нишаст мавзуъҳои «Нақш ва мавқеи ҷавонон дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ», «Масъалаҳои рушди ҶТ дар бахши муҳоҷирати меҳнатии беруна: мушкилот ва роҳҳои танзими он», «Ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар ҶТ» ва ғайра мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд. Баромадкунандагон гуфтанд барои нигаҳдошту дастгирии ҷавонони боистеъдод дар кишвар, рушди сиёсати ҷавонон, нагаравидани эшон ба ҳар гуна ҳаракатҳои тундрав, масъалаи танзими муҳоҷирати ҷавонон ва оилаи онҳо чораҳо дида шавад.   Гуфта шуд, ки барои амали намудани он сохторҳои марбута чора бинанд. Аммо бисёре аз намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати кишвар дар минтақаҳо вобаста ба барномаи худ ба мушкилоти соҳавияшон лаб во карданд. Онҳо мегуфтанд: барои баргузории чорабиниҳои вобаста ба масоили ҷавонон маблағгузорие, ки пешниҳод шудааст, кифоят намекунад. Бахусус А. Хоҷаев, роҳбари кумитаи ҷавонон дар Суғд гуфт, ки дар шаҳру навоҳии минтақаи онҳо ин омил зиёд ба назар намерасад. Ба гуфтаи ӯ дар барномаҳои соҳавии ҷавонон, хусусан дар ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Зафаробод Масчоҳ, Шаҳристон маблағгузории кам ба назар мерасад, ки ин ба гузаронидани чорабиниҳо миёни ҷавонон мушкил пеш овардааст. Роҳбари Кумитаи ҷавонони ноҳияи Рӯдакӣ аз вуҷуд надоштани толори варзишии занона дар ноҳия шикоят кард, аммо роҳбари Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Турсунзода хоҳиши ба ҷавонони боистеъдод додани хонаҳои истиқоматиро авло донист.

Ноябрь 29, 2012 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад