Мулоқот бо роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ

Ноябрь 22, 2012 15:26

Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- 21 ноябри соли равон бо иштироки намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзӣ, Ассотсиатсияи бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеии кишвар машварати корӣ баргузор гардид.  Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Бонки миллӣ иттилоъ доданд, дар он масъалаҳои рӯзмарраи низоми бонкии мамлакат, аз ҷумла татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, вазъи низоми бонкӣ, бозорҳои пулӣ ва коғазҳои қиматнок, андешидани тадбирҳо дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст омадаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ҷаласа роҳбарони бонкҳо ва ташкилотҳо дар мавриди масъалаҳои ҳалталаби низоми бонкии кишвар ибрози назар намуда, пешниҳоду дархостҳои худро барои боз ҳам беҳтар кардани хизматрастониҳои бонкию молиявӣ изҳор доштанд.

Ноябрь 22, 2012 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад