Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон Кэтрин Эштон
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Кэтрин Эштонро ба ҳузур пазируфт.Дар оғози суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: «Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро аз ҷумлаи шарикони муҳими байналмилалии худ медонад ва ба таҳкими робитаҳои дарозмуддату босубот бо он ҳамеша таваҷҷуҳи хоса дорад».Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амнияти минтақавию ҷаҳонӣ, иқтисод ва тиҷорат, илму техника ва рушди ҷомеаи демократӣ баррасӣ шуд.Аз раванди Муколамаи сиёсии минтақавӣ миёни Тройкаи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки ҷаласаи навбатиаш чанд рӯз пеш дар Қирғизистон баргузор гардид ва мулоқотҳои мунтазами миёни сохторҳои гуногуни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ карда шуд.Бо зикри он, ки имрӯз Иттиҳоди Аврупо аз рӯи нишондодҳои гардиши мутақобилаи мол дар қатори панҷ шарики аввали тиҷоратии Тоҷикистон карор дорад, густариши бештари ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ зарур дониста шуд.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни муҳокимаи масоили вобаста ба таҳияи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо доир ба Осиёи Марказӣ барои солҳои 2014 – 2020, аз ҷумла изҳор дошт: “Мо, албатта, манфиатдори қабули Стратегияи нави Иттиҳод ва дар чаҳорчӯби он ба роҳ мондани механизмҳои нави ҳамкорӣ аз қабили “Муколама оид ба амният” ҳастем”.Таваҷҷуҳи зиёд ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва амалӣ намудани чораҳои муштараки амниятӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ зоҳир карда шуд. Дар ин замина татбиқи босамари лоиҳаҳои минтақавиии зербиноӣ, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва рушди тиҷорат муҳим шумурда шуд.Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, озодии матбуот ва дину эътиқод ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






